Ҳукумат дар 35 сол ба 1395 занон беш аз 45 млн сомонӣ грант ҷудо намуд

© Foto / Пресс-служба президента Республики ТаджикистанЖенщины Таджикистана, архивное фото
Женщины Таджикистана, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2026
Обуна шудан
Таъсиси грантҳои президентӣ сабаб гардид, ки ҳазорон нафар занони тоҷик дар соҳаҳои гуногун фаъолияти пурсамар намоянд, ҳунарашонро рушд диҳанд ва дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоранд
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, аз соли 2006 то соли 2025 дар кишвар 45 миллону 460 ҳазор маблағи грант ба 1 ҳазору 395 нафар занон ҷудо гардида, 6 ҳазору 833 ҷойҳои корӣ таъсис дода шудааст.
Барои ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтан ва дастгирии минбаъдаи фаъолияти соҳибкорию ҳунармандии занон, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 адад ва 15 миллион сомонӣ расонида шуданд.
Яъне ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда шуд.
Ин иқдом нишон медиҳад, ки грантҳои президентӣ дар мамлакат дар рушди соҳибкории занон ва таъмини ҷойи нави кор барои занону духтарон нақши муҳим доранд.
Дар ҳоли ҳозир теъдоди занони соҳибкор дар сатҳи ҷумҳурӣ ба 108 ҳазору 707 нафар расидааст.
Женщины Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2026
Беш аз 49% аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Дар даҳ соли охир, яъне солҳои 2015–2024 барои дастгирии соҳибкории занон аз ҷониби ташкилоти қарзии мамлакат 27 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки беш аз 6 миллиард сомонии он танҳо ба соли 2024 рост меояд.
Фароҳам овардани шароит барои фаъолияти соҳибкорӣ, таъсиси ҷойи нави кор, рушди хоҷагиҳои ёрирасон ва ҷалби занон ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба баланд гардидани сатҳи зиндагии оилаҳо мусоидат менамояд.
Лентаи хабарҳо
0