Аз Исфара бо ҳавопаймо: фурудгоҳи шаҳрро барои парвозҳои оянда дар кишвар омода мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевПамятник Исмоилу Сомони в Исфаре
Памятник Исмоилу Сомони в Исфаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2026
Обуна шудан
Раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода супориш гирифт, ки фурудгоҳи шаҳрро барои ба роҳ мондани парвозҳо дар дохили Тоҷикистон омода созад
ДУШАНБЕ,17 ноя -Sputnik. Дар Исфара барои омода намудани лоиҳаи таъмири фурудгоҳ, барои имконияти парвоз дар дохили кишвар, мутахассисон ҷалб карда шуданд.
Ҳамчунин дар шаҳр, бунёди Маркази ҷавонон идома дорад, ки бо маблағгузории шарикони рушд сохта мешавад.
Дар ин бора ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз мақомоти шаҳри Исфара хабар доданд.

Дар маҷлис боз чӣ баррасӣ шуд?

Сохторҳои меъморӣ, маориф ва иқтисод вазифадор шуданд, ки лоиҳаи нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-ро омода созанд.
Ба истиқболи 40-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Исфара майдонҳои рамзҳои давлатӣ бунёд карда мешаванд.
Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ имсол дар деҳоти Чоркӯҳ баргузор мегардад.
Солнечная фотоэлектрическая станция мощностью 3 МВт в Исфаре. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2026
Дар Исфара неругоҳи офтобӣ ба кор даромад
Дар қатори масъалаҳои меҳварӣ ҳалли мушкилоти корез (канализатсия) дар Навобод, танзими ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои марказӣ, суръат бахшидан ба сохтмони хонаҳои истиқоматии хизматӣ ва ба истифода додани се хонаи истиқоматӣ дар деҳоти Лаккон баррасӣ шуданд, - гуфт манбаъ.
Ҳамчунин заминҳои ивазшуда барои сокинони Чоркӯҳ шаффоф ва мақсаднок тақсим карда мешавад.
Дар маҷлис ҳамчунин тағйироти кадрӣ сурат гирифт: Абдурафиқ Аброрзода, ки то ин дам раиси ҷамоати шаҳраки Шӯроб буд, директори Муассисаи давлатии ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳр таъин шуд.
Шаҳрдор инчунин аз вазъи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ва ташкили "Корвони саломатӣ" пурсон шуда, барои пешгирии ҳолатҳои саггазӣ сагҳои дайду безарар карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0