https://sputnik.tj/20261125/korshinoson-baynalmilal-dushanbe-ishtirok-zanon-rushd-1082528818.html
Олимаҳои тоҷик дар рушди пиряхшиносӣ саҳмгузорӣ кардан мехоҳанд
Олимаҳои тоҷик дар рушди пиряхшиносӣ саҳмгузорӣ кардан мехоҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дорои захираҳои назарраси пиряхҳо буда, яке аз минтақаҳои калидии кӯҳистони Осиёи Марказӣ мебошад ва занони пиряхшинос дар таҳқиқоти пиряхҳо изҳори андеша намуданд
2026-11-25T11:32+0500
2026-11-25T11:32+0500
2026-11-25T11:32+0500
дар тоҷикистон
пажӯҳиши вазъи пиряхҳо
олим
осиёи марказӣ
тадқиқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/01/1072594147_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_2741ea5f620220a13e89c8d7ad292578.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноябр – Sputnik. Тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои об масъалаҳои ҷиддӣ, ки дар назди олимаҳои тоҷик меистад. Онҳо дар конфронси илмии "Занон дар пиряхшиносии Тоҷикистон: дастовардҳо, саҳм ва дурнамо", ки ба нақши олимони зан дар таҳқиқоти пиряхҳо ва рушди илми криосфера бахшида шудааст, дар Душанбе изҳори андеша намуданд.Ташаббуси баргузории конфронс аҳамияти афзояндаи иштироки занонро дар ҳалли масъалаҳои илмӣ ва экологӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои об инъикос мекунад, хабар медиҳад муассисаи давлатии "Институти омӯзиши пиряхҳо"-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.Тоҷикистон, ки дорои захираҳои назарраси пиряхҳо буда, яке аз минтақаҳои калидии кӯҳистони Осиёи Марказӣ мебошад, мунтазам рӯзномаи байналмилалиро дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо пеш мебарад. Марҳилаи муҳими ин фаъолият муаррифии ташаббусҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо, инчунин эълони даҳсолаи солҳои 2025-2034 аз ҷониби СММ ҳамчун Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои криосферӣ буд.Дар чунин шароит, рушди иқтидори илмии миллӣ ва васеъ кардани имкониятҳо барои иштироки занон дар таҳқиқоте, ки ба ҳалли мушкилоти иқлим ва об нигаронида шудаанд, аҳамияти хоса дорад.Дар конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, созмонҳои байналмилалӣ, занони муҳаққиқ, мутахассисон ва донишҷӯён иштирок карданд.Намояндагони ҷомеаи илмии кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ба муҳокима ва мубодилаи афкор даъват шуданд.Иштирокчиён масъалаҳои ташаккули касбии занон дар соҳаи яхшиносӣ, иштироки онҳо дар экспедитсияҳои илмӣ, лоиҳаҳои байналмилалӣ ва барномаҳои тадқиқотӣ, инчунин дурнамои густариши ҳамкории минтақавиро баррасӣ карданд
https://sputnik.tj/20261116/tojikiston-qazoqiston-yakjoya-ziddi-taghyiryobii-iqlim-1082215389.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/01/1072594147_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_2cc600d9113d207802463ff14241f9b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, пажӯҳиши вазъи пиряхҳо, олим, осиёи марказӣ, тадқиқот
дар тоҷикистон, пажӯҳиши вазъи пиряхҳо, олим, осиёи марказӣ, тадқиқот
Олимаҳои тоҷик дар рушди пиряхшиносӣ саҳмгузорӣ кардан мехоҳанд
Тоҷикистон дорои захираҳои назарраси пиряхҳо буда, яке аз минтақаҳои калидии кӯҳистони Осиёи Марказӣ мебошад ва занони пиряхшинос дар таҳқиқоти пиряхҳо изҳори андеша намуданд
ДУШАНБЕ, 25 ноябр – Sputnik. Тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои об масъалаҳои ҷиддӣ, ки дар назди олимаҳои тоҷик меистад.
Онҳо дар конфронси илмии "Занон дар пиряхшиносии Тоҷикистон: дастовардҳо, саҳм ва дурнамо", ки ба нақши олимони зан дар таҳқиқоти пиряхҳо ва рушди илми криосфера бахшида шудааст, дар Душанбе изҳори андеша намуданд.
Ташаббуси баргузории конфронс аҳамияти афзояндаи иштироки занонро дар ҳалли масъалаҳои илмӣ ва экологӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои об инъикос мекунад, хабар медиҳад муассисаи давлатии "Институти омӯзиши пиряхҳо"-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Тоҷикистон, ки дорои захираҳои назарраси пиряхҳо буда, яке аз минтақаҳои калидии кӯҳистони Осиёи Марказӣ мебошад, мунтазам рӯзномаи байналмилалиро дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо пеш мебарад.
Марҳилаи муҳими ин фаъолият муаррифии ташаббусҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо, инчунин эълони даҳсолаи солҳои 2025-2034 аз ҷониби СММ ҳамчун Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои криосферӣ буд.
Дар чунин шароит, рушди иқтидори илмии миллӣ ва васеъ кардани имкониятҳо барои иштироки занон дар таҳқиқоте, ки ба ҳалли мушкилоти иқлим ва об нигаронида шудаанд, аҳамияти хоса дорад.
Дар конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, созмонҳои байналмилалӣ, занони муҳаққиқ, мутахассисон ва донишҷӯён иштирок карданд.
Намояндагони ҷомеаи илмии кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ба муҳокима ва мубодилаи афкор даъват шуданд.
Иштирокчиён масъалаҳои ташаккули касбии занон дар соҳаи яхшиносӣ, иштироки онҳо дар экспедитсияҳои илмӣ, лоиҳаҳои байналмилалӣ ва барномаҳои тадқиқотӣ, инчунин дурнамои густариши ҳамкории минтақавиро баррасӣ карданд