Тоҷикистону Қазоқистон якҷоя зидди тағйирёбии иқлим мубориза мебаранд

© Sputnik / Амир ИсаевЛедник в горах Таджикистана.
Ледник в горах Таджикистана. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2026
Обуна шудан
Тоҷикистону Қазоқистон ҳамкории экологиро тақвият медиҳанд, зеро мушкилоти умумии обшавии пиряхҳо,камбуди об ва хушксолӣ онҳоро ташвиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Анталияи Туркия, дар ҳошияи Конфронси иқлимии СММ (COP31), барои мубориза бо биёбоншавӣ, ҳифзи экосистемаҳо ва идоракунии захираҳои об ҳамкориро тақвият доданӣ шуданд.
Дар ин бора Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Вазири экология ва захираҳои табиии Қазоқистон Алибек Куантров ба мувофиқа расиданд.
Ду кишвари Осиёи Марказӣ, ки бо мушкилоти умумӣ, аз қабили обшавии пиряхҳо, камбуди об ва хушксолӣ рӯ ба рӯ мешаванд, масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлимро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо инчунин табодули таҷриба ва иттилооти соҳавиро муҳим шумориданд. Онҳо дар бораи ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ сухан карданд.
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2026
Муҳриддин дар СММ: Ба масоили тағйирёбии иқлиму обшавии пиряхҳо таваҷҷуҳи бештар диҳед
Заминаи ҳуқуқии ин ҳамкорӣ Ёддошти тафоҳум байни вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар мебошад, ки 3 майи соли 2023 ба имзо расидааст.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки экологӣ ба манфиати рушди устувори минтақа изҳор доштанд.
Лентаи хабарҳо
0