Хатлон обод мешавад: 700 ҳазор ниҳол ва иншооти нав
19:50 25.11.2026 (Навсозишуда: 19:55 25.11.2026)

© Sputnik / Алексей Даничев
/ Обуна шудан
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон сафар карда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд ва як қатор иншооти иҷтимоиву хизматрасониро ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 25 ноя-Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон ба вилояти Хатлон сафари корӣ намуд.Нахуст, дар деҳоти Тутиёни ноҳияи Муъминобод маъракаи ниҳолшинонӣ ва барқарорсозии боғҳо баргузор шуд. Тибқи нақша, имсол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 700 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад.
Дар идомаи сафар дар ноҳияи Муъминобод биноҳои иловагии се муассисаи таълимӣ, ки дар маҷмуъ барои беш аз 1200 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудаанд, мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамчунин маркази хизматрасонии "Дарё" ифтитоҳ ёфт, ки 40 сокини маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекунад.
Сарвазир бо рафти сохтмони фурудгоҳи маҳаллӣ низ шинос шуд.

Барои бунёди он 23 гектар замин ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ моҳи августи соли равон оғоз шудаанд. Фаъолияти фурудгоҳ беш аз 30 сол боз қатъ гардидааст.
Дар шаҳри Кӯлоб толори варзишӣ ва маҷлисгоҳи муассисаи таълимии №48 ба истифода дода шуда, барои сохтмони бинои нави таълимӣ барои 640 хонанда санги асос гузошта шуд. Ҳамзамон, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва барқарорсозии пул мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Дар маҳаллаи Ҷумъа Алии шаҳр маркази хизматрасонии дандонпизишкӣ ифтитоҳ ёфт, ки 15 ҷойи кор фароҳам меорад. Ҳамчунин ба 188 зани деҳот барои рушди занбӯриасалпарварӣ таҷҳизот тақдим гардид.
Ин тадбирҳо ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии минтақа равона шудаанд.