https://sputnik.tj/20261117/sodiriot-limu-qazoqiston-rusia-1082254731.html
Содироти лимӯи Хатлон ба Қазоқистону Русия оғоз ёфт
Содироти лимӯи Хатлон ба Қазоқистону Русия оғоз ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Лимӯҳои Ҷалолиддин Балхӣ ба бозорҳои Қазоқистон ва Русия ворид мегардад.Имсол низ ҳосил фаровон буда содирот ба хориҷи кишвар даромади асосии кишоварзонро ташкил медиҳад
2026-11-17T14:45+0500
2026-11-17T14:45+0500
2026-11-17T14:45+0500
хатлон
хоҷагиҳои деҳқонӣ
занони хонашин
кишоварзӣ
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102834/27/1028342706_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_0f31a843c955252543d72f79c660984a.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя -Sputnik. Содироти лимӯ, ки дар гармхонаҳои вилояти Хатлон парвариш ёфтаанд ба бозорҳои хориҷӣ оғоз шуд.Ноҳияҳои лимӯпарвар Кӯшониён, Ҷайҳун, Вахш, Балхӣ ва Дустӣ ба шумор меравад ва имсол ҳосили хуб ба даст омадааст, иттилоъ дод сухангӯи ҳукумати Хатлон ба хабарнигори Спутник Тоҷикистон. Ба гуфтаи Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, ҷамъоварӣ ҳоло идома дорад, аммо ҳамасола аз 311 га 8-9 ҳаз. тонна ҳосил мешавад,- афзудааст манбаъ.Маҳсулоти хоҷагии "Мурод" аз ҷумла дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ба Қазоқистон ва Русия содир карда мешавад.Ин хоҷагӣ дар ҷамоати Золи Зар ҷойгир буда, дар гармхонаи як гектарӣ дар тӯли сол лимӯ парвариш мекунад.Ба гуфти сардори идораи кишоварзӣ як гектари чунин гармхона метавонад 25-30 тонна мева медиҳад.Ба гуфтаи Алимаҳмад Абдусатторзода, раиси идораи кишоварзии ноҳияи мазкур, сокинон на танҳо дар хоҷагиҳо, балки дар боғҳои худ низ гармхонаҳо месозанд.Талабот ба лимӯҳои маҳаллӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷа афзоиш меёбад.Ин хоҷагӣ сокинони маҳаллиро, аз ҷумла соҳибхоназанонро ба кор ҷалб кардааст.Ёдовар мешавем,ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон бошад, аз аввали сол то ин моҳ ба 42,5 млрд сомонӣ расида, суръати рушди соҳа 8,3 %-ро ташкил дод.Тоҷикистон содироти мол ба Русияро қариби 46% афзоиш додааст.Аз Тоҷикистон дар нуҳмоҳаи аввали соли равон ба Русия ба маблағи беш аз 118 млн доллар мол содир карда шудааст.Ин нишондиҳанда дар январ - сентябри соли гузашта 81 млн долларро ташкил дода буд, бармеояд аз додаҳои гумруки Тоҷикистон.Дар баробари ин, додугирифти Тоҷикистону Русия дар нуҳмоҳаи аввали соли равон беш аз 1,9 млрд долларро ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20261116/khatlon-76-korkhona-nav-sanoat-1082212541.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102834/27/1028342706_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_9e960e40a7ae1269f1e149f3b7b53a35.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатлон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, занони хонашин, кишоварзӣ, тиҷорат
хатлон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, занони хонашин, кишоварзӣ, тиҷорат
Содироти лимӯи Хатлон ба Қазоқистону Русия оғоз ёфт
Лимӯҳои ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ба бозорҳои Қазоқистон ва Русия ворид мегардад. Имсол низ ҳосил фаровон буда содирот ба хориҷи кишвар даромади асосии кишоварзонро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 17 ноя -Sputnik. Содироти лимӯ, ки дар гармхонаҳои вилояти Хатлон парвариш ёфтаанд ба бозорҳои хориҷӣ оғоз шуд.
Ноҳияҳои лимӯпарвар Кӯшониён, Ҷайҳун, Вахш, Балхӣ ва Дустӣ ба шумор меравад ва имсол ҳосили хуб ба даст омадааст, иттилоъ дод сухангӯи ҳукумати Хатлон ба хабарнигори Спутник Тоҷикистон.
Ба гуфтаи Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, ҷамъоварӣ ҳоло идома дорад, аммо ҳамасола аз 311 га 8-9 ҳаз. тонна ҳосил мешавад,- афзудааст манбаъ.
Маҳсулоти хоҷагии "Мурод" аз ҷумла дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ба Қазоқистон ва Русия содир карда мешавад.
Ин хоҷагӣ дар ҷамоати Золи Зар ҷойгир буда, дар гармхонаи як гектарӣ дар тӯли сол лимӯ парвариш мекунад.
Ба гуфти сардори идораи кишоварзӣ як гектари чунин гармхона метавонад 25-30 тонна мева медиҳад.
Ба гуфтаи Алимаҳмад Абдусатторзода, раиси идораи кишоварзии ноҳияи мазкур, сокинон на танҳо дар хоҷагиҳо, балки дар боғҳои худ низ гармхонаҳо месозанд.
Талабот ба лимӯҳои маҳаллӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷа афзоиш меёбад.
Ин хоҷагӣ сокинони маҳаллиро, аз ҷумла соҳибхоназанонро ба кор ҷалб кардааст.
Ёдовар мешавем,ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон бошад, аз аввали сол то ин моҳ ба 42,5 млрд сомонӣ расида, суръати рушди соҳа 8,3 %-ро ташкил дод.
Тоҷикистон содироти мол ба Русияро қариби 46% афзоиш додааст.
Аз Тоҷикистон дар нуҳмоҳаи аввали соли равон ба Русия ба маблағи беш аз 118 млн доллар мол содир карда шудааст.
Ин нишондиҳанда дар январ - сентябри соли гузашта 81 млн долларро ташкил дода буд, бармеояд аз додаҳои гумруки Тоҷикистон.
Дар баробари ин, додугирифти Тоҷикистону Русия дар нуҳмоҳаи аввали соли равон беш аз 1,9 млрд долларро ташкил додааст.