Дар Тоҷикистон чор корхонаи нави сементбарорӣ сохта мешавад

© Foto / Пресс-служба Президента ТаджикистанаЦементный завод. Иллюстративное фото
Цементный завод. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2026
Обуна шудан
Вакилон панҷ созишномаи сармоягузориро тасдиқ карданд: дар Суғд, Хатлон ва Варзоб корхонаҳои семент сохта мешаванд, соҳаи алоқа рушд меёбад
ДУШАНБЕ, 24 ноя- SPUTNIK.Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон панҷ созишномаи сармоягузориро байни Ҳукумати кишвар ва ширкатҳо тасдиқ кард.
Чор созишнома ба сохтмони корхонаҳои истеҳсоли семент ва дигар маводи сохтмонӣ ва яке ба рушди соҳаи алоқа марбут аст.
Тибқи созишнома бо Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Комбинати металлургии Тоҷик" дар вилояти Суғд корхонаҳои истеҳсол ва ғанигардонии семент, оҳак, бентонит ва каолин сохта ва ба истифода дода мешаванд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сементи Хуталон" дар вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли семент бунёд мекунад.
Эмомали Рахмон заложил первый камень в основание строительства нового цементного завода в Кушанийонском районе Хатлонской области.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2026
Семент фаровон мешавад: Оғози бунёди боз як корхонаи семент дар Тоҷикистон
Ду корхонаи дигари семент дар ноҳияи Варзоб сохта мешавад. Онҳоро ҶДММ "Сементи Тоҷик" ва ҶДММ "Сементи Душанбе" месозанд.
Созишномаи панҷум бо ҶДММ "ТАКОМ" ба рушди соҳаи алоқаи барқӣ нигаронида шудааст.
Дар бораи масъалаҳои рӯзнома ба вакилон, аз ҷумла, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода шарҳу тавзеҳ дод.
Лентаи хабарҳо
0