Семент фаровон мешавад: Оғози бунёди боз як корхонаи семент дар Тоҷикистон

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон заложил первый камень в основание строительства нового цементного завода в Кушанийонском районе Хатлонской области.
Эмомали Рахмон заложил первый камень в основание строительства нового цементного завода в Кушанийонском районе Хатлонской области.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон аз бунёди корхонаи нави истеҳсоли семент дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон хабар доданд
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимнеи сафари кориаш ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён ба сохтмони корхонаи нави семент санги асос гузошт.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки корхона дар ҳудуди деҳаи Нурафшони шаҳраки Бӯстонқалъа, дар масоҳати 30 гектар бунёд гардида, дар таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар ва рушди саноати масолеҳи сохтмонӣ қадами муҳим хоҳад буд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Хуталон то соли 2029 бунёд хоҳад ёфт.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент пешбинӣ шудааст.
Мақомот бартарии ин корхонаро дар он мебинад, ки истеҳсолот бар пояи истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда мешавад.
Корхона дар наздикии кони оҳаксанги Қурғонтеппаи ноҳияи Кӯшониён ҷойгир буда, ашёи хоми зарурӣ аз ҳамин минтақа дастрас карда мешавад.
Визит Эмомали Рахмона в Согдийскую область.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2026
Бунёди корхонаҳои семент ва оҳак дар ноҳияҳои Истаравшан ва Бобоҷон Ғафуров
Ҳамчунин, барои таъмини раванди истеҳсолӣ ангишт аз конҳои дигари ҷумҳурӣ интиқол дода хоҳад шуд.
Тибқи лоиҳа, корхона бо техникаву технология, дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва дигар воситаҳои зарурии истеҳсолӣ таъмин гардида, дар раванди фаъолияти он талаботи экологӣ ва меъёрҳои бехатарии муҳити зист ба инобат гирифта мешавад.

Корхона, лоиҳа ҳамчунин барои рушди бозори меҳнат ва беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, зеро дар давраи сохтмони он беш аз 1000 сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб карда мешаванд. Пас аз ба истифода додани корхона барои зиёда аз 700 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0