Бузургдошти Ибни Сино ва Умари Хайём дар ЮНЕСКО
11:12 24.11.2026 (Навсозишуда: 11:13 24.11.2026)

© Sputnik / Ирина Калашникова
Обуна шудан
Дар пойтахти Фаронса конфронси байналмалалӣ бахшида ба ду чеҳраи барҷастаи илм ва тамаддуни тоҷику форс Сино ва Хайём бо ибтикори Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 24 ноя-Sputnik. Дар қароргоҳи Созмони маориф, илм ва фарҳанги СММ- ЮНЕСКО дар Париж, бо ташаббуси Тоҷикистон, чорабинии байналмилалии илмӣ ва фарҳангӣ ба ифтихори ду чеҳраи барҷастаи илм ва тамаддуни тоҷику форс - Абуалӣ Ибни Сино ва Умар Хайём баргузор мешаванд.
Дар чорабинӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Меҳриддин, намояндагони Вазорати фарҳанг, мақомоти дахлдори давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва тадқиқотӣ, олимон ва рассомони тоҷик иштирок менамоянд.
Дар доираи барномаи чорабинӣ Конфронси байналмилалии илмӣ "Ибни Сино ва саҳми ӯ дар ташаккули ҷаҳонбинии нави илмӣ" ва Конфронси байналмилалии илмӣ "Мероси илмӣ ва адабии Умар Хайём: аҳамияти ҷаҳонӣ ва таҳқиқоти муосир" баргузор мегардад.

Ҳамчунин барномаи фарҳангӣ ва консерти ҳунармандони тоҷик дар қароргоҳи ЮНЕСКО, ки ба муаррифии мероси ғании мусиқӣ ва анъанаҳои бадеии мардуми тоҷик нигаронида шудааст, баргузор мешавад.
Дар доираи ин чорабинӣ мулоқотҳои Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Меҳриддин бо Холид ал-Анонӣ, Директори генералии ЮНЕСКО ва Дениз Пирс де Карвалю, ёвари Директори генералии ЮНЕСКО оид ба илм, ба нақша гирифта шудаанд.
Ҳадафи асосии ин ташаббус муаррифии мероси бебаҳои илмӣ, фалсафӣ ва адабии Абуалӣ Ависенна ва Умари Хайём, арҷгузорӣ ба саҳми таърихии онҳо дар рушди илм ва тамаддуни инсонӣ, тақвияти муколамаи фарҳангҳо ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг мебошад.
Ин силсила чорабиниҳо дар қароргоҳи ЮНЕСКО барои тақвияти дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон, муаррифии арзишҳои таърихӣ ва маънавии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва таъкиди нақши тамаддунҳои тоҷикӣ ва форсӣ дар рушди тафаккури илмӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ аҳамияти хоса дорад.