https://sputnik.tj/20260131/rustam-emomali-sada-fehrist-unesko-iftikhor-1074903797.html
Рустами Эмомалӣ: шомил шудани ҷашни Сада ба феҳристи ЮНЕСКО боиси ифтихор аст
Рустами Эмомалӣ: шомил шудани ҷашни Сада ба феҳристи ЮНЕСКО боиси ифтихор аст
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Парлумон ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ саломатӣ, сулҳу оромӣ, шукуфоӣ ва зиндагии шоиста орзу кард
2026-01-31T10:31+0500
2026-01-31T10:31+0500
2026-01-31T10:31+0500
рустам эмомалӣ
душанбе
дар тоҷикистон
ҷашни сада
муборакбодӣ
табрик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0f/1073817068_0:32:1280:752_1920x0_80_0_0_c1c3a262d0887c6e41560ddaa645defd.jpg
ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Шомил шудани ҷашни Сада ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО мояи ифтихори хос аст.Ин нуктаро шаҳрдори Душанбе ва раиси Парлумони Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ дар паёми табрикотии худ ба шаҳрвандони кишвар қайд кард.Сиёсатмадор бо қарори ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият шомил гардиди ҷашни садаро боиси ифтихори тоҷикон хонд.Ӯ ёдовар шуд, ки тоҷикон аз замонҳои гузашта ин ойинро ҳамеша ҷашн гирифта, пас аз он ба сабзкорӣ, ниҳолшинонӣ ва ободонии замину боғҳо оғоз менамуданд.Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки идомаи ин суннати нек дар соли таҷлил аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ нишонаи фарҳанги баланди созандагии мардуми тоҷикро ифода менамояд.Бо орзуи пешрафт, ободӣ ва шукуфоии бештари Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ ба ҳар як хонадон саломатӣ, осудагӣ, баракат ва рӯзгори пурсаодат таманно намуд.
https://sputnik.tj/20251211/farhangi-sumanakpazi-fehristi-unesko-1073701700.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0f/1073817068_31:8:1249:921_1920x0_80_0_0_51a98b96903ed0883f17e618c2b07585.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустам эмомалӣ, мардуми тоҷик, ҷашни сада, муборакбод
рустам эмомалӣ, мардуми тоҷик, ҷашни сада, муборакбод
Рустами Эмомалӣ: шомил шудани ҷашни Сада ба феҳристи ЮНЕСКО боиси ифтихор аст
Раиси Парлумон ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ саломатӣ, сулҳу оромӣ, шукуфоӣ ва зиндагии шоиста орзу кард
ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Шомил шудани ҷашни Сада ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО мояи ифтихори хос аст.
Ин нуктаро шаҳрдори Душанбе ва раиси Парлумони Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ дар паёми табрикотии худ ба шаҳрвандони кишвар қайд кард.
"Ҳар яки Шуморо ба муносибати фаро расидани ҷашни куҳан ва пурғановати миллиамон - Сада самимона шодбош мегӯям. Сада аз ҷумлаи ҷашнҳои бостонист, ки реша дар умқи таърих дошта, бо дигар ойинҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯзи оламафрӯз, робитаи зич дорад", - қайд кард ӯ.
Сиёсатмадор бо қарори ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият шомил гардиди ҷашни садаро боиси ифтихори тоҷикон хонд.
Ӯ ёдовар шуд, ки тоҷикон аз замонҳои гузашта ин ойинро ҳамеша ҷашн гирифта, пас аз он ба сабзкорӣ, ниҳолшинонӣ ва ободонии замину боғҳо оғоз менамуданд.
Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки идомаи ин суннати нек дар соли таҷлил аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ нишонаи фарҳанги баланди созандагии мардуми тоҷикро ифода менамояд.
Бо орзуи пешрафт, ободӣ ва шукуфоии бештари Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ ба ҳар як хонадон саломатӣ, осудагӣ, баракат ва рӯзгори пурсаодат таманно намуд.