https://sputnik.tj/20261123/sughd-istehsol-gusht-ziyod-kard-shumorai-1082475191.html
Суғд истеҳсоли гӯштро 21,5 фоиз зиёд кард: шумораи чорво низ меафзояд
Суғд истеҳсоли гӯштро 21,5 фоиз зиёд кард: шумораи чорво низ меафзояд
Sputnik Тоҷикистон
То 1 ноябр дар вилоят қариб 84 ҳазор тонна гӯшт ва беш аз 284 ҳазор тонна шир истеҳсол карда шуд
2026-11-23T15:43+0500
2026-11-23T15:43+0500
2026-11-23T17:08+0500
дар тоҷикистон
суғд
гӯшт
чорво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/11/1080506681_0:87:3449:2027_1920x0_80_0_0_8ceb00a5bf0674afbcaf74b4713d7ffe.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя- Sputnik.Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳои вилояти Суғд то 1 ноябри соли 2026 ба 83,9 ҳазор тонна расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,5 фоиз зиёд аст.Аз идораи омори назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд,ки истеҳсоли гӯшт бахусус дар ноҳияҳои Мастчоҳ 40 фоиз, Спитамен 36,2 фоиз ва Ҷаббор Расулов 25,9 фоиз афзудааст.Дар ин давра 285 ҳазор тонна шир истеҳсол шуд, ки 12,3 фоиз бештар аст. Қариб 93 фоизи шир дар хоҷагиҳои аҳолӣ ба даст омадааст.Истеҳсоли тухм ба 773,2 миллион дона расид.Шумораи чорво низ афзоиш ёфтааст: саршумори чорвои калони шохдор 898,8 ҳазор сар ё 10,7 фоиз зиёд, гӯсфанду буз 2,19 миллион сар ё 12,3 фоиз ва парранда 6,85 миллион сар ё 5,7 фоиз расид.Беш аз 95 фоизи чорвои калони шохдор ба хоҷагиҳои аҳолӣ тааллуқ дорад.Ҳосилнокии чорво низ беҳтар шудааст: дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ аз ҳар сар гов ба ҳисоби миёна 1763 кг шир дӯшида шуд, ки 170 кг бештар аз соли гузашта аст.Дар вилоят инчунин 2358 сар қутос парвариш карда мешавад, ки асосан дар ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ нигоҳ дошта мешаванд.
https://sputnik.tj/20261123/jalb-sayohon-rus-sughd-27-foiz-ziyod-1082455595.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/11/1080506681_494:0:3223:2047_1920x0_80_0_0_4d463a71c51608f0fb74b9688cc5d01f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, суғд, гӯшт, чорво
дар тоҷикистон, суғд, гӯшт, чорво
Суғд истеҳсоли гӯштро 21,5 фоиз зиёд кард: шумораи чорво низ меафзояд
15:43 23.11.2026 (Навсозишуда: 17:08 23.11.2026) То 1 ноябр дар вилоят қариб 84 ҳазор тонна гӯшт ва беш аз 284 ҳазор тонна шир истеҳсол карда шуд
ДУШАНБЕ, 23 ноя- Sputnik.Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳои вилояти Суғд то 1 ноябри соли 2026 ба 83,9 ҳазор тонна расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,5 фоиз зиёд аст.
Аз идораи омори назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд,ки истеҳсоли гӯшт бахусус дар ноҳияҳои Мастчоҳ 40 фоиз, Спитамен 36,2 фоиз ва Ҷаббор Расулов 25,9 фоиз афзудааст.
Дар ин давра 285 ҳазор тонна шир истеҳсол шуд, ки 12,3 фоиз бештар аст. Қариб 93 фоизи шир дар хоҷагиҳои аҳолӣ ба даст омадааст.
Истеҳсоли тухм ба 773,2 миллион дона расид.
Шумораи чорво низ афзоиш ёфтааст: саршумори чорвои калони шохдор 898,8 ҳазор сар ё 10,7 фоиз зиёд, гӯсфанду буз 2,19 миллион сар ё 12,3 фоиз ва парранда 6,85 миллион сар ё 5,7 фоиз расид.
Беш аз 95 фоизи чорвои калони шохдор ба хоҷагиҳои аҳолӣ тааллуқ дорад.
Ҳосилнокии чорво низ беҳтар шудааст: дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ аз ҳар сар гов ба ҳисоби миёна 1763 кг шир дӯшида шуд, ки 170 кг бештар аз соли гузашта аст.
Дар вилоят инчунин 2358 сар қутос парвариш карда мешавад, ки асосан дар ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ нигоҳ дошта мешаванд.