Ҷалби саёҳони рус ба Суғд: 27 фоиз зиёд шуд

© SputnikОзеро в Бустоне.
Озеро в Бустоне. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2026
Обуна шудан
Дар меҳмонхонаҳои вилояти Суғд 4117 шаҳрванди Федератсияи Русия ҷойгир шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 879 нафар бештар аст
ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Саёҳони рус ба минтақаи Суғд таваҷҷуҳ доранд, шумораи меҳмононе, ки дар меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, лагерҳо ва муассисаҳои табобатии вилояти Суғд ҷойгир шудаанд,аз аввали соли ҷорӣ ба 4117 нафар расид.
Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ки 3238 нафар буд, 27 фоиз зиёд аст,-хабар медиҳад омори вилояти Суғд
Дар ин давра дар муассисаҳои ҷойгиркунии вилоят дар маҷмӯъ 25 332 шаҳрванди хориҷӣ истиқомат кардааст. Аз рӯи шумора меҳмонони русӣ пас аз шаҳрвандони Ӯзбекистон (5913 нафар) дар ҷои дуюм қарор доранд ва аз Чин 2277 нафар пеш гузаштаанд. Ҳар шашумин меҳмони хориҷии меҳмонхонаҳои Суғд аз Русия омадааст.
Русия дар байни сайёҳоне, ки тавассути ширкатҳои сайёҳӣ ба вилоят омадаанд, низ пешсаф аст: аз 4249 сайёҳи хориҷӣ 1003 нафар шаҳрвандони Русия мебошанд. Соли гузашта ин нишондиҳанда 979 нафарро ташкил медод.
Таваҷҷуҳ ба Суғд аз дигар кишварҳо низ афзудааст. Шумораи сайёҳони чинӣ, ки тавассути турагентиҳо омадаанд, аз 9 то 125 нафар ва сайёҳони Тайван аз 84 то 235 нафар расид. Дар меҳмонхонаҳои вилоят шумораи меҳмонон аз Австралия аз 875 то 1160, Олмон аз 689 то 899, Фаронса аз 317 то 423 ва Полша аз 631 то 724 зиёд шуд.
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2026
Тоҷикистон садҳо миллион сомониро сарфи рушди сайёҳӣ хоҳад кард
Сабаби асосии сафари хориҷиён ба Суғд экотуризм аст – 10 592 нафар бо ҳамин мақсад омадаанд. 5621 нафар бо мақсадҳои корӣ ва касбӣ, 2908 нафар барои истироҳат ва фароғат, 631 нафар барои табобат ва 279 нафар барои омӯзиши касбӣ ба вилоят сафар кардаанд.
Дар маҷмӯъ дар нӯҳ моҳ дар муассисаҳои ҷойгиркунии Суғд 116 621 нафар истиқомат карданд, ки 91 289 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Даромади ин муассисаҳо аз хизматрасонӣ 76,5 миллион сомониро ташкил дод. Ҳоло дар вилоят 3115 ҳуҷра ва 7239 ҷойи истиқомат барои меҳмонон мавҷуд аст.
Лентаи хабарҳо
0