https://sputnik.tj/20261123/parlumon-bujet-80-milliard-soli-2027-1082468822.html
Парлумон буҷети 80-миллиардии соли 2027-ро қабул кард
Парлумон буҷети 80-миллиардии соли 2027-ро қабул кард
Sputnik Тоҷикистон
Даромади буҷет 23 фоиз меафзояд, қариб нисфи хароҷот ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона мешавад 23.11.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-11-23T14:45+0500
2026-11-23T14:45+0500
2026-11-23T14:45+0500
дар тоҷикистон
қонун
парлумон
буҷа
нишондиҳанда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/13/1066632736_123:0:1924:1013_1920x0_80_0_0_09344a1305be7ce1e9f7952ed63c6955.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя- Sputnik. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027"-ро қабул кард. Тибқи лоиҳа, даромади буҷети давлатӣ дар соли оянда 80,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.Ин нишондиҳанда нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2026 ба маблағи 15,1 млрд сомонӣ ё 23,2 фоиз зиёд аст. Барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 36,7 млрд сомонӣ равона мешавад, ки 44,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.Ҳуҷҷат инчунин пешгӯии нишондиҳандаҳои буҷетро барои солҳои 2028–2029 дар бар мегирад.Мувофиқи он, даромади буҷет дар соли 2028 ба 90,2 млрд ва дар соли 2029 ба 104,6 млрд сомонӣ мерасад.Лоиҳаи буҷет дар маҷлиси Ҳукумат таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ ва ҷонибдорӣ шуда буд.Сарвари давлат дар он маҷлис рақамикунонӣ, васеъ намудани заминаи андоз, ситонидани бақияпулиҳои андоз, афзоиши истеҳсоли ватанӣ ва коҳиш додани воридотро аз самтҳои афзалиятнок номид.Бо қабули буҷети нав нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 1 январи соли 2027 аз 78 то 81 сомонӣ афзоиш меёбад.Ин нишондиҳанда барои муайян кардани андозаи ҷаримаҳо, боҷҳо, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳо истифода мешавад.Буҷети нав дар заминаи рушди устувори иқтисодиёт таҳия шудааст. Тибқи маълумоте, ки ҳангоми муҳокимаи иҷрои буҷети соли 2026 дар Маҷлиси намояндагон садо дод, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 8,3 фоиз ва ҳаҷми номиналии он 136,2 млрд сомониро ташкил додааст.Нақшаи даромади буҷет дар ин давра 114,9 фоиз иҷро шудааст.Пас аз қабул дар Маҷлиси намояндагон қонун бояд аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ шуда, ба имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расад.
https://sputnik.tj/20261110/vakili-parlumon-nizomi-jazodihi-nizomi-tavonbakhshi-1082000762.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/13/1066632736_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_6bf06705715fe47a8d5fe3a99af744c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қонун, парлумон, буҷа, нишондиҳанда
дар тоҷикистон, қонун, парлумон, буҷа, нишондиҳанда
Парлумон буҷети 80-миллиардии соли 2027-ро қабул кард
Даромади буҷет 23 фоиз меафзояд, қариб нисфи хароҷот ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона мешавад
ДУШАНБЕ, 23 ноя- Sputnik. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027"-ро қабул кард.
Тибқи лоиҳа, даромади буҷети давлатӣ дар соли оянда 80,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2026 ба маблағи 15,1 млрд сомонӣ ё 23,2 фоиз зиёд аст. Барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 36,7 млрд сомонӣ равона мешавад, ки 44,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.
Ҳуҷҷат инчунин пешгӯии нишондиҳандаҳои буҷетро барои солҳои 2028–2029 дар бар мегирад.
Мувофиқи он, даромади буҷет дар соли 2028 ба 90,2 млрд ва дар соли 2029 ба 104,6 млрд сомонӣ мерасад.
Лоиҳаи буҷет дар маҷлиси Ҳукумат таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ ва ҷонибдорӣ шуда буд.
Сарвари давлат дар он маҷлис рақамикунонӣ, васеъ намудани заминаи андоз, ситонидани бақияпулиҳои андоз, афзоиши истеҳсоли ватанӣ ва коҳиш додани воридотро аз самтҳои афзалиятнок номид.
Бо қабули буҷети нав нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 1 январи соли 2027 аз 78 то 81 сомонӣ афзоиш меёбад.
Ин нишондиҳанда барои муайян кардани андозаи ҷаримаҳо, боҷҳо, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳо истифода мешавад.
Буҷети нав дар заминаи рушди устувори иқтисодиёт таҳия шудааст. Тибқи маълумоте, ки ҳангоми муҳокимаи иҷрои буҷети соли 2026 дар Маҷлиси намояндагон садо дод, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 8,3 фоиз ва ҳаҷми номиналии он 136,2 млрд сомониро ташкил додааст.
Нақшаи даромади буҷет дар ин давра 114,9 фоиз иҷро шудааст.
Пас аз қабул дар Маҷлиси намояндагон қонун бояд аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ шуда, ба имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расад.