Вакили парлумон: аз низоми ҷазодиҳӣ ба низоми тавонбахшии кӯдакон кадом чораҳо муҳим аст

© SputnikЗдание Парламента республики Таджикистан.
Здание Парламента республики Таджикистан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2026
Обуна шудан
Дар парлумони кишвар барои маблағгузориҳои барномаҳои давлатӣ ҳангоми муҳокимаи қабули Қонуни “Буҷети давлатӣ” талош доранд
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Раиси Кумитаи оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Муҷиба Ҷавҳарӣ пешниҳод кард, ки ҳангоми қабули қонуни Буҷети давлатӣ маблағгузории минбаъдаи "ҳуҷраҳои дӯстона барои кӯдак" дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ҷониби буҷаи давлатӣ ба назар гирифта шавад.
“Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023, № 310 тасдиқ гардидааст, марҳалаи нави ислоҳотро оғоз намудаст.
Вакил арз дошт, ки то имрӯз принсипи “Ягон кӯдаки мо дар кишвари бегона партофта нахоҳад шуд” татбиқ мешавад.
Адолати судии барқароркунанда тақозо дорад, ки ба ҷои ҷазо, табобати осебҳои равонии кӯдак ва ислоҳи хатоҳо дар маркази таваҷҷуҳ бошад.
Тавассути барномаҳои муштарак бо ЮНИСЕФ, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳуҷраҳои махсуси “мусоиду дӯстона барои кӯдак” таъсис ёфта буд.
Ин ҳуҷраҳо имкон медиҳанд, ки бозпурсии кӯдакони ҷабрдида ё шоҳид дар фазои оромбахш ва бе фишори равонӣ сурат гирад.
Ҳамчунин, иштироки ҳатмии психолог ва педагог дар мурофиаҳои марбут ба ноболиғон кафолат медиҳад, ки эҳсосот ва рӯҳияи кӯдак аз осебҳои такрории судӣ ҳифз карда шаванд.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи таъсиси як парки технологӣ бо Бошқирдистонро тасдиқ кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2026
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи таъсиси як парки технологӣ бо Бошқирдистонро тасдиқ кард.
Маҷлиси намояндагони кишвар ин раванди ислоҳоти таърихиро зери назорати қатъии парлумонӣ қарор додааст.- гуфт раиси Кумита.
Ҷавҳарӣ афзуд:“Қонунгузорон хуб дарк мекунанд, ки ҳеҷ як барнома бе заминаи мустаҳками қонунӣ ва маблағгузории муносиб кор нахоҳад кард. Барои пурра ҷорӣ кардани принсипҳои адолати судии барқароркунанда, ислоҳоту мутобиқсозии қонунҳо, аз ҷумла Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, идома дорад”.
Самти муҳимтарини фаъолияти ояндаи парлумон - ин кафолати маблағгузории Барномаи давлатии мазкур ҳангоми қабули Буҷети давлатӣ ва таъсиси "ҳуҷраҳои дӯстона барои кӯдак" дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошад
Лентаи хабарҳо
0