https://sputnik.tj/20260823/tojikiston-sadho-million-somoni-sarf-rushd-sayyohi-khohad-kard-1079868046.html
Тоҷикистон садҳо миллион сомониро сарфи рушди сайёҳӣ хоҳад кард
Тоҷикистон садҳо миллион сомониро сарфи рушди сайёҳӣ хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон барои таблиғу рушди сайёҳӣ дар кишвар нақша дорад, ки блогеру рӯзноманигоронро бештар ҷалб ва пресс-турҳо ташкил кунад
2026-08-23T14:09+0500
2026-08-23T14:09+0500
2026-08-23T14:09+0500
дар тоҷикистон
сайру саёҳат
кумитаи рушди гардишгарӣ
иқтисод
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103139/24/1031392406_0:209:3163:1988_1920x0_80_0_0_a73c28ff4116eb4f21ccb6d1b5c2093a.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг - Sputnik.Тоҷикистон барои татбиқи стратегияи рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ барои давраи то соли 2030 беш аз 273 млн сомонӣ равона мекунад. Аз ин қариби 61 млн сомонӣ аз ҳисоби буҷа, қариби 70 млн сомонӣ аз ҳисоби шарикони рушд ва қариби 144 млн сомонӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ хоҳад будДар ин бора аз нақшаи тасдиқкардаи ҳукумати Тоҷикистон бармеояд.Бар асоси нақша қарор аст, ки барои таблиғу рушди сайёҳӣ дар кишвар блогеру рӯзноманигоронро бештар ҷалб мекунад. Ташкили пресс-турҳо дар доираи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ дар назар буда, соли 2027 ба ин ҳадаф равона кардани қариб 1,3 млн сомонӣ дар назар аст.Ҳамчунин ҷумҳурӣ равзанаи ягонаи сабти сайёҳон ё худ низоми Е-меҳмонро роҳандозӣ карданист. Масъули татбиқи ин иқдом Кумитаи рушди сайёҳӣ, ВКД, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Агентии инноватсия ва технологияи рақамии ҷумҳурӣ таъйин шудаанд, бармеояд аз Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030. Ба ин ҳадаф солҳои 2027 ва 2028 равон кардани қариб 2 млн сомонӣ дар назар аст. Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Тоҷикистон аз таъсиси Фонди рушди сайёҳӣ бо қарори ҳукумат ва имзои Эмомалӣ Раҳмон хабар доданд. Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон барои пешбурди самараноки фаъолияти Шурои Фонди рушди сайёҳӣ муваззаф шуда, бояд дар бораи фаъолияти Шӯро ҳар нимсола ҳисобот диҳад.Фонди рушди сайёҳии ҷумҳурӣ аз ҳисоби тоҷикистониҳое, ки барои сайёҳат ба хориҷа мераванд ғанӣ хоҳад шуд. Пардохт дар ҳаҷми 5% аз маблағи фурӯши бастаҳои сайёҳӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба хориҷи кишвар бо мақсадҳои сайёҳӣ сафар менамоянд, яке аз сарчашмаҳои ташаккули Фонди мазкур муқаррар шудааст, қарор кардааст ҳукумати Тоҷикистон.
https://sputnik.tj/20260716/kumitai-sayyohi-shumori-sayyohon-rusiya-tojikiston-afzoish-1079003944.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103139/24/1031392406_216:0:2947:2048_1920x0_80_0_0_c2e1005d1d2cd368102fce42689a58d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сайру саёҳат, кумитаи рушди гардишгарӣ, иқтисод, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, сайру саёҳат, кумитаи рушди гардишгарӣ, иқтисод, иҷтимоъ
Тоҷикистон садҳо миллион сомониро сарфи рушди сайёҳӣ хоҳад кард
Тоҷикистон барои таблиғу рушди сайёҳӣ дар кишвар нақша дорад, ки блогеру рӯзноманигоронро бештар ҷалб ва пресс-турҳо ташкил кунад
ДУШАНБЕ, 23 авг - Sputnik.Тоҷикистон барои татбиқи стратегияи рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ барои давраи то соли 2030 беш аз 273 млн сомонӣ равона мекунад.
Аз ин қариби 61 млн сомонӣ аз ҳисоби буҷа, қариби 70 млн сомонӣ аз ҳисоби шарикони рушд ва қариби 144 млн сомонӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ хоҳад буд
Дар ин бора аз нақшаи тасдиқкардаи ҳукумати Тоҷикистон бармеояд.
Бар асоси нақша қарор аст, ки барои таблиғу рушди сайёҳӣ дар кишвар блогеру рӯзноманигоронро бештар ҷалб мекунад.
Ташкили пресс-турҳо дар доираи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ дар назар буда, соли 2027 ба ин ҳадаф равона кардани қариб 1,3 млн сомонӣ дар назар аст.
Ҳамчунин ҷумҳурӣ равзанаи ягонаи сабти сайёҳон ё худ низоми Е-меҳмонро роҳандозӣ карданист.
Масъули татбиқи ин иқдом Кумитаи рушди сайёҳӣ, ВКД, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Агентии инноватсия ва технологияи рақамии ҷумҳурӣ таъйин шудаанд, бармеояд аз Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030.
Ба ин ҳадаф солҳои 2027 ва 2028 равон кардани қариб 2 млн сомонӣ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Тоҷикистон аз таъсиси Фонди рушди сайёҳӣ бо қарори ҳукумат ва имзои Эмомалӣ Раҳмон хабар доданд.
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон барои пешбурди самараноки фаъолияти Шурои Фонди рушди сайёҳӣ муваззаф шуда, бояд дар бораи фаъолияти Шӯро ҳар нимсола ҳисобот диҳад.
Фонди рушди сайёҳии ҷумҳурӣ аз ҳисоби тоҷикистониҳое, ки барои сайёҳат ба хориҷа мераванд ғанӣ хоҳад шуд.
Пардохт дар ҳаҷми 5% аз маблағи фурӯши бастаҳои сайёҳӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба хориҷи кишвар бо мақсадҳои сайёҳӣ сафар менамоянд, яке аз сарчашмаҳои ташаккули Фонди мазкур муқаррар шудааст, қарор кардааст ҳукумати Тоҷикистон.