Буҷаи Тоҷикистон дар соли 2027 чӣ гуна масраф мешавад: Тасвирбаён

Обуна шудан
Хароҷоти буҷаи Тоҷикистон дар соли оянда беш аз 23% афзоиш хоҳад ёфт
Тибқи лоиҳа, даромади буҷети давлатӣ дар соли оянда 80,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2026 ба маблағи 15,1 млрд сомонӣ ё 23,2% зиёд аст.
Барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 36,7 млрд сомонӣ равона мешавад, ки 44,8%-и ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.
Қисмати бештари маблағи буҷа - 18,67 млард барои бахши энергетика равона хоҳад шуд.
Бахши маориф низ аз буҷа 17,8 млрд сомонӣ маблағи бештар мегирад.
Суғурта низ бо 10,43 млрд сомонӣ дар сегонаи аввал қарор гирифт.
Тафсилоти бештар дар мавриди хароҷоти пули буҷаро дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед.
Қобили зикр аст, ки аз 1 январи соли 2026, Тоҷикистон меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳоро зиёд мекунад.
Нишондиҳанда барои ҳисоб дар соли оянда се сомонӣ зиёд мншавад, аз 75 ба 78 афзоиш сомонӣ мерасад.
Парлумон буҷети 80-миллиардии соли 2027-ро қабул кард
Бояд гуфт нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон ин меъёрест, ки барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ истифода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0