Аз Новосибирск то СММ: Консули Тоҷикистон бо ҳамватанон дар Сибир вохӯрд

© Sputnik / Пелагия Тихонова / Гузариш ба медиабонкГосударственные флаги Таджикистана и России.
Государственные флаги Таджикистана и России. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2026
Обуна шудан
Консули генералии Тоҷикистон дар Новосибирск Зарина Исмоилзода бо тоҷикони минтақаи Сибир мулоқот кард. Ӯ аз ҳамватанон чӣ гуна зиндагӣ, чӣ тавр таҳсил мекунанд ва қонунҳои нави муҳоҷиратии Русияро чӣ гуна риоя менамоянд,-пурсон шуд
ДУШАНБЕ, 22 ноябр – Sputnik. Консул бо донишҷӯён, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷик ва намояндагони зиёиён мулоқот кард.
Дар ин бора аз хадамоти консулгарӣ дар Русия иттилооъ доданд.

Яке аз масъалаҳои асосии мулоқот муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия буд.
Зарина Исмоилзода таъкид кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ҳуҷҷатҳояшонро сари вақт ба расмият дароранд ва қонунҳои нави Русияро риоя кунанд.
Вай аз роҳбарони ҷамъиятҳо хоҳиш кард, ки ба ҳамватанон дар мутобиқшавӣ ва расонидани кумаки ҳуқуқӣ кӯмак расонанд.

Ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки имкониятҳои таҳсилро самаранок истифода баранд, забонҳои хориҷӣ омӯзанд ва ба арзишҳои миллӣ арҷ гузоранд.
Второй Сибирский агропродовольственный форум.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2026
Хатлон ва Новосибирск робитаҳои минтақавиро роҳандозӣ менамоянд
Ҳамчунин масъалаи муқовимат бо экстремизму терроризм ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои террористӣ баррасӣ шуд.

Дар қисми дигари мулоқот як рӯйдоди муҳим зикр гардид: 31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи "Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод"-ро қабул кард.
Аз соли 2027 ин рӯз ҳамасола 31 август таҷлил мешавад
Лентаи хабарҳо
0