Хатлон ва Новосибирск робитаҳои минтақавиро роҳандозӣ менамоянд

© Foto / Хадамоти матбуотии мақомоти ХатлонДавлаталӣ Саид - раиси вилояти Хатлон
Давлаталӣ Саид - раиси вилояти Хатлон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2026
Обуна шудан
Дар шаҳри Новосибирск форуми II озуқавории Сибир баргузор гардида истодааст, ки ҳайати расмии вилояти Хатлон дар он ширкат доранд
ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия форуми II озуқавории Сибир баргузор мегардад, ки дар он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ширкат менамояд.
Давлаталӣ Саид ҳамчунин дар доираи ин форум бо губернатори вилояти Новосибирски Федератсияи Русия Андрей Травников мулоқот намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди робитаҳои байниминтақавиро мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳайати вилояти Хатлонро дар ин чорабинии байналмилалӣ раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Темурмалик, Норак, Ҷайҳун, Қубодиён, Кӯшониён ва дигар намояндагони соҳаҳои дахлдор ҳамроҳӣ менамоянд
Вилояти Хатлон ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, рушди соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркард бо минтақаҳои Федератсияи Россия таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
"Вилояти Хатлон бо як қатор субъектҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла вилоятҳои Астрахан, Омск, Оренбург, Челябинск, Киров, Ленинград, Пенза, Иваново, Новосибирск, Свердловск ва Ярославл, инчунин Ҷумҳурии Бошқирдистон ва кишвари Олтой созишнома ва меморандумҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, ҷиҳати татбиқи онҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд", - гуфт Давлаталӣ Саид.
Ҳамзамон, соли ҷорӣ миёни вилояти Хатлон ва вилояти Пенза созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расида, он барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар форум масъалаҳои стратегии рушди соҳаи кишоварзӣ, таҳкими амнияти озуқаворӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ мегардад.
Мавзуи асосии форум "Одамон, дониш ва технологияҳо – се омили асосии амнияти озуқавории Сибир" буда, ба масъалаҳои рушди неруи инсонӣ, истифодаи самараноки донишҳои илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ равона шудааст.
Дар ноҳияи Мастчоҳ аз як гектар замин ҳосили рекордӣ - 120 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2026
Дар ноҳияи Мастчоҳ аз як гектар замин ҳосили рекордӣ - 120 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шуд.
Иштироки ҳайати вилояти Хатлон дар ин чорабинии байналмилалӣ барои муаррифии имкониятҳои кишоварзӣ, иқтидори содиротӣ ва маҳсулоти аграрии вилоят, инчунин омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои иштирокчӣ ва густариши робитаҳои судманди ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои форум барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва дарёфти имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни минтақаи Сибир ва вилояти Хатлон мусоидат намояд
Лентаи хабарҳо
0