Аз Душанбе то Маскав: донишҷӯёни тоҷик дар фестивали байналмилалии театрӣ

© Sputnik
Обуна шудан
Эксклюзив
Намояндагони нӯҳ кишвари ИДМ дар фестивали театрҳои мактабҳои олии ҳунарӣ дар Маскав ҷамъ омаданд. Тоҷикистонро донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода муаррифӣ карданд
ДУШАНБЕ, 22 ноя-Sputnik. Дар саҳнаи Донишкадаи давлатии санъати театрии Русия ба номи А.В. Луначарский (ГИТИС) дар шаҳри Маскав фестивали байналмилалии театрҳои мактабҳои олии ҳунарӣ баргузор мешавад. Дар он намояндагони нӯҳ кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доранд.
Коргардони намоиш Тағоймурод Розиқов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва хатмкардаи ГИТИС мебошад. Ба андешаи ӯ, ин муассисаи маъруфи таҳсилоти театрӣ яке аз мактабҳои бунёдии ҳунари ҷаҳонии театр ба шумор меравад.
Коргардони намоиш Тағоймурод Розиқов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва хатмкардаи ГИТИС мебошад. Ба андешаи ӯ, ин муассисаи маъруфи таҳсилоти театрӣ яке аз мактабҳои бунёдии ҳунари ҷаҳонии театр ба шумор меравад.
Мактаби эҷодии Константин Станиславский дар ташаккули наслҳои зиёди ҳунармандон саҳми бузург гузоштааст.
Розиқов ба мухбири Sputnik Тоҷикистон гуфт:” ГИТИС гаҳвораи бунёдии театрҳои ҷаҳонист. Дар ин ҷо барои ташаккули ҳунар ва рушди ҳунарманд мекӯшанд. Ҳама хатмкардагони ГИТИС дар Тоҷикистон ба мукофотҳои баланди давлатӣ сазовор гаштанд, барои он ки мактаби хубро гузаштанд ва масъулияти баланд назди тамошобин эҳсос мекунанд”.
Дар бораи аҳамияти робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Русия Тағоймурод Розиқов таъкид кард, ки чунин фестивалҳо ба ташаккули ҷаҳонбинии касбии донишҷӯён таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
"Донишҷӯёни мо соли чорум аст, ки иштирокчии ин фестивал ҳастанд. Баъди иштирок дар чунин фестивалҳо онҳо ба таври куллӣ тағйир меёбанд. Онҳо дигаргун мешаванд, худро бо дигарон муқоиса мекунанд, сатҳи ҳунари худро мебинанд ва барои такмил додани он талош меварзанд. Ин худ як мактаб аст", — иброз дошт коргардон.
Тоҷикистонро дар ин чорабинии фарҳангӣ донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо намоиши "Робиаи Балхӣ" муаррифӣ карданд.
Дар маркази намоиш саргузашти Робиаи Балхӣ, шоираи форсизабони ҳамзамони Рӯдакӣ қарор дорад. Қиссаи ишқи ӯ ба Бегтош бо фоҷиа анҷом меёбад: шоира аз дасти бародари худ ба қатл мерасад. Мавзӯи ишқ, озодии эҳсосот ва фоҷиаи сарнавишти зан дар намоиш бо забони театрӣ таҷассум ёфтааст.
Спектакл на танҳо таваҷҷуҳи тамошобинонро ба худ ҷалб намуд, балки баҳсҳои ҷолиберо низ ба миён овард.
Спектакл на танҳо таваҷҷуҳи тамошобинонро ба худ ҷалб намуд, балки баҳсҳои ҷолиберо низ ба миён овард.
Тамошобинон андешаҳои худро баён намуда, ба ҳайати эҷодӣ барои пешниҳоди чунин асари пурмазмун изҳори сипос карданд.
