Огоҳ бошед: Қоидаҳои нави буду бош дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик

© Sputnik / Илья Наймушин
/ Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон муҳоҷирони кориро, ки дар Русия буду бош доранд аз қоидаҳои ҷадид огоҳ кард
ДУШАНБЕ, 21 ноя - Sputnik. Аз 1 январи соли 2027 дар Русия механизмҳои нави назорати даромади шаҳрвандони хориҷӣ мавриди амал қарор мегирад.
Дар ҳолати номутобиқатии он чораҳои қонунӣ нисбати шаҳрванди хориҷӣ андешида мешавад, ҳушдор медиҳад Намояндагии Вазорати муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия.
Масалан, аз 1 январи соли 2027 набудани маълумот дар бораи даромади расмӣ ё нокифоя будани ҳаҷми он метавонад боиси рад намудани додани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент), ё бекор гардидани ҳуҷҷатҳои қаблан додашуда гардад.
Ҳамин тавр тибқи талаботи тағийроти нави қонунгузорӣ татбиқи механизмҳои нави назорат марҳила ба марҳила сурат мегирад:
Аз 1 октябри соли 2026 мақомоти андози Русия маълумотро дар бораи даромади шаҳрвандони хориҷӣ аз рӯйи ҳисоботи пардохтҳои суғуртавӣ барои давраҳои 3, 6, 9 ва 12 моҳи соли тақвимӣ ба ВКД ирсол менамоянд.
Аз 25 октябри соли 2026 Фонди нафақа ба мақомоти корҳои дохилӣ маълумотро оид ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ тавассути низоми электронии байниидоравӣ пешниҳод менамояд.
Аз 1 январи соли 2027 муқаррароти нав оид ба рад намудани додан, тамдид ва бекор кардани патент ё иҷозатномаи кор бо сабаби набудани маълумоти даромад ё нокифоя будани он эътибор пайдо мекунанд.
Ин асосҳо нисбат ба маълумоти давраҳои ҳисоботии аз соли 2027 оғозшаванда татбиқ мегарданд.
Намояндагӣ зикр карда, ки асосҳои нави марбут ба набудан ё нокифоя будани маълумоти даромад ҳангоми бори аввал гирифтани патент ё иҷозатномаи кор татбиқ намегарданд.
Намояндагӣ зикр карда, ки асосҳои нави марбут ба набудан ё нокифоя будани маълумоти даромад ҳангоми бори аввал гирифтани патент ё иҷозатномаи кор татбиқ намегарданд.
Қаблан Вазорати меҳнат ҳушдор дода буд, ки аз 3 ноябри соли 2026 асосҳо барои ихроҷи шаҳрвандони Русия зиёд карда мешавад.
Вазорат таъкид кард, ки қонуни қабулшуда шумораи ҳуқуқвайронкуниҳоеро, ки барои содир кардани онҳо аз қаламрави кишвар депортатсия пешбинӣ шудааст, аз 22 то 45 зиёд мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамчунин муҳоҷирони корӣ дар Русия аз соли оянда вазифадор мешаванд, ки барои ҳар як узви оилаашон, ки бо худ меоранд, андоз пардохт кунанд.
Ин лоиҳаи қонун аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод шудааст.
Ин лоиҳаи қонун аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод шудааст.
