Барои оғози кор ва зиндагӣ дар Маскав, барои як муҳоҷир чанд пул лозим аст?

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкМигранты в России.
Мигранты в России.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2026
Обуна шудан
Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия ҳисоб кард, ки барои оғози кору зиндагӣ дар Маскав барои як муҳоҷир чӣ миқдор маблағ лозим аст
ДУШАНБЕ, 14 ноябр — Sputnik. Барои оғози кор ва зиндагӣ дар Маскав, барои як муҳоҷир беш аз 86 ҳаз. рубл лозим аст.

Тибқи ҳисобҳои Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, танҳо расмиёти маъмурии ҳатмӣ беш аз 36 ҳаз. рубл арзиш дорад.
Ҳамин тавр аз ин маблағ:
4,2 ҳаз. рубл барои патент,
3,8 ҳаз. рубл барои имтиҳони забони русӣ,
тақрибан 6,8 ҳаз. рубл барои муоинаи тиббӣ,
тақрибан 4 ҳаз. рубл барои полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ,
1,6 ҳаз. рубли дигар барои тасдиқи ҳуҷҷатҳои шахсият,
6,2 ҳаз рубл барои хизматрасонӣ дар марказҳои муҳоҷират ва дигар хароҷотро дар бар мегирад.

Ин маблағ инчунин хароҷоти заруриро барои манзил, хӯрок, нақлиёт ва муошират дар бар мегирад.
Ҳамчунин намояндагӣ таъкид карда, ки яке аз воситаҳои низоми танзими иқтисодии муҳоҷирати меҳнатӣ пардохти пешакии андоз аз даромади шахсони воқеӣ мебошад, ки ба фаъолияти меҳнатӣ дар асоси патент алоқаманд аст.
Дар соли 2026 маблағи пардохти мазкур дар шаҳри Маскав ва вилояти Маскав барои як моҳ 10 ҳаз. рубл муайян гардидааст. Дар дигар субъектҳои Русия он вобаста ба муқаррароти минтақавӣ фарқ мекунад.
Дар сурати ба ҳисоби намунавӣ қабул намудани 36 ҳаз. рубл барои расмиёти ибтидоии ҳуҷҷатгузорӣ ва пардохти моҳи аввали патент, 15 ҳаз. рубл барои иҷораи манзил, 15 ҳаз. рубл барои ғизо, 3460 рубл барои нақлиёт ва 1,5 ҳаз. рубл барои алоқа, ҳаҷми умумии хароҷот ба зиёда 70 ҳаз. рубл мерасад.
Рабочие на строительной площадке Центрального стадиона в Екатеринбурге. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2026
Аз 18 поён манъ: Дар Тоҷикистон синну соли ба муҳоҷират рафтанро муқарарр карданд
Агар гаравпулии иҷораи манзил низ ба маблағи 15 ҳаз. рубл ба ин ҳисоб илова карда шавад, ҳаҷми эҳтиёҷоти ибтидоии молиявӣ то беш 80 ҳаз. рубл афзоиш меёбад.

Намояндагии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар имконоти молиявии худ, талаботи қонунгузории Русия ва хароҷоти эҳтимолиро воқеӣ арзёбӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0