Президент Владимир Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин, рӯзҳои 8-10 октябр нахустин сафари давлатиро ба Тоҷикистон анҷом медиҳад

Душанбе: Масъалаи сохтмони бинои нави театри ба номи Маяковский баррасӣ шуд

© Foto / Facebook / Архитектура ДушанбеПроект реконструкции здания "Государственного драматического театра имени В.Маяковского"
Проект реконструкции здания Государственного драматического театра имени В.Маяковского  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2026
Обуна шудан
Дар Душанбе масъалаи сохтмони марказ барои кӯдакони боистеъдод ва бинои нав Театри драмавии русии ба номи Маяковский баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 21 ноя - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин дар Душанбе масъалаи сохтмони марказ барои кӯдакони боистеъдод ва бинои нави Театри драмавии русии ба номи Маяковскийро баррасӣ кардааст.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш додааст.
Феълан, сохтмони Маркази байналмилалии кӯдакони боистеъдод ва бинои нав барои Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар Душанбе идома дорад.
Ҳарду лоиҳа аз ҷониби ҳукумати Русия маблағгузорӣ мешаванд.
"Сохтмони Маркази байналмилалии кӯдакони боистеъдод ва Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе низ аз мавзуъҳои суҳбат буд", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Ду раҳбар инчунин зарурати густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳангро таъкид карданд.
Ҳамчунин, ҳар ду ҷониб барои густариши минбаъдаи сармоягузорӣ дар бахшҳои афзалиятнок, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, хизматрасонии электронии давлатӣ ва амнияти киберӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки созишномаи бунёди Маркази кӯдакони болаёқат дар Душанбе миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон моҳи декабри соли 2023 баста шуда буд.
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2026
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Русия ва Тоҷикистон - шарикони стратегӣ: Нуқоти асосӣ аз мулоқоти Путин ва Раҳмон
Тибқи лоиҳа, омӯзиш тибқи стандартҳои таълимии ду кишвар сурат мегирад. Марказ барои 500 нафар донишҷӯён пешбинӣ шуда, имкони истиқомати солона барои 300 нафарро дорад.
Барои сохтмони театри драмавии ба номи Маяковский дар Душанбе 1 гектар замин ҷудо шудааст. Бино барои 500 тамошобин пешбинӣ шудааст. Ифтитоҳи ин иншоот дар соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0