https://sputnik.tj/20261120/nuqot-asosi-muloqoti-putin-rahmon-dushanbe-1082397225.html
Русия ва Тоҷикистон - шарикони стратегӣ: Нуқоти асосӣ аз мулоқоти Путин ва Раҳмон
Русия ва Тоҷикистон - шарикони стратегӣ: Нуқоти асосӣ аз мулоқоти Путин ва Раҳмон
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин гуфт бо кишвардори Тоҷикистон натиҷаи суҳбати сеҷониба бо кишвардорони ИМА ва Чинро низ баррасӣ хоҳанд кард
2026-11-20T14:37+0500
2026-11-20T14:37+0500
2026-11-20T14:57+0500
сафари владимир путин ба тоҷикистон
сафари путин ба тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
суҳбат
мулоқот
дар тоҷикистон
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/14/1082395175_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_dbc1e4d6829a76938f3e8743275bb728.jpg
ДУШАНБЕ, 20 ноя - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе мулоқот карданд.Дар оғози мулоқот, Путин ба Раҳмон барои даъват ба Тоҷикистон изҳори сипос кард.Ӯ гуфт, тавре созиш шуда буд, алоҳида дар мавриди пойгоҳи низомии 201, СААД суҳабт хоҳем кард.Дар баробари ин, кишвардори Русия ба Раҳмон барои таваҷҷуҳ ба ҳамкорӣ бо Русия изҳори миннатдорӣ намуд.Гардиши савдо байни Русия ва Тоҷикистон дар давоми нӯҳ моҳи аввали соли 2026 тақрибан 19% афзоиш ёфтааст, гуфт Путин.Ҳамчунин, президенти Русия гуфт, натиҷаҳои мулоқоти сеҷониба дар Шенҷен ва ҳамоиши APEC аз ҷумлаи мавзӯъҳое хоҳанд буд, ки бо Раҳмон баррасӣ мешаванд.Раисҷумҳури Русия бо зикри ин мавзуъ таъкид кард, ки ин масоил қисман ба наздикии минтақаҳо вобаста аст.Дар ҳамин радиф, кишвардори Русия гуфт, аз Маскав барои гуфтушунид ба Тоҷикистон, Хуснулин, ҳамраиси Комиссияи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва намояндагони Вазорати дифоъ ба Душанбе даъват шуданд, то ҷузъиёти ҳамкорӣ баррасӣ шаванд.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ, ҳамрои русашро ба Тоҷикистон хушомадед гуфта ба ҳамкории наздики ду кишвар ишора кард.Ӯ ба рушди бомуваффақияти муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, амният ва ҳамкории фарҳангӣ ва башардӯстона, ишора кард.
https://sputnik.tj/20261120/emomali-rahmon-guft-bo-vladimir-putin-chiro-barrasi-mekunad-1082393571.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/14/1082395175_211:0:2942:2048_1920x0_80_0_0_80912338b4c6fafa11087632c7d22259.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафари путин ба тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, суҳбат, мулоқот, дар тоҷикистон, владимир путин
сафари путин ба тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, суҳбат, мулоқот, дар тоҷикистон, владимир путин
Русия ва Тоҷикистон - шарикони стратегӣ: Нуқоти асосӣ аз мулоқоти Путин ва Раҳмон
14:37 20.11.2026 (Навсозишуда: 14:57 20.11.2026) Президенти Русия Владимир Путин гуфт бо кишвардори Тоҷикистон натиҷаи суҳбати сеҷониба бо кишвардорони ИМА ва Чинро низ баррасӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 20 ноя - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе мулоқот карданд.
Дар оғози мулоқот, Путин ба Раҳмон барои даъват ба Тоҷикистон изҳори сипос кард.
Ӯ гуфт, тавре созиш шуда буд, алоҳида дар мавриди пойгоҳи низомии 201, СААД суҳабт хоҳем кард.
Дар баробари ин, кишвардори Русия ба Раҳмон барои таваҷҷуҳ ба ҳамкорӣ бо Русия изҳори миннатдорӣ намуд.
"Бо беш 70 субъект ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст, ҳамчунин таваҷҷуҳ ба масоили гуманитарӣ, аз ҷумла забони русӣ дода мешавад, ки барои ин миннатдорем, изҳор дошт раисҷумҳури Русия", - гуфт Путин.
Гардиши савдо байни Русия ва Тоҷикистон дар давоми нӯҳ моҳи аввали соли 2026 тақрибан 19% афзоиш ёфтааст, гуфт Путин.
"Ин нишондиҳанда дар соли гузашта беш аз 25%-ро ташкил дод, ки суръати хуб мебошад", - изҳор дошт раисҷумҳури Русия.
Ҳамчунин, президенти Русия гуфт, натиҷаҳои мулоқоти сеҷониба дар Шенҷен ва ҳамоиши APEC аз ҷумлаи мавзӯъҳое хоҳанд буд, ки бо Раҳмон баррасӣ мешаванд.
Раисҷумҳури Русия бо зикри ин мавзуъ таъкид кард, ки ин масоил қисман ба наздикии минтақаҳо вобаста аст.
Дар ҳамин радиф, кишвардори Русия гуфт, аз Маскав барои гуфтушунид ба Тоҷикистон, Хуснулин, ҳамраиси Комиссияи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва намояндагони Вазорати дифоъ ба Душанбе даъват шуданд, то ҷузъиёти ҳамкорӣ баррасӣ шаванд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ, ҳамрои русашро ба Тоҷикистон хушомадед гуфта ба ҳамкории наздики ду кишвар ишора кард.
"Русия шарики стратегӣ ва иттифоқчии муътамади Тоҷикистон мебошад", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ ба рушди бомуваффақияти муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, амният ва ҳамкории фарҳангӣ ва башардӯстона, ишора кард.