https://sputnik.tj/20261121/charo-tojikiston-narkhi-piyoz-garon-1082432167.html
Қонуни "бозори пиёз": чаро дар Тоҷикистон нархи пиёз гарон шуд?
Қонуни "бозори пиёз": чаро дар Тоҷикистон нархи пиёз гарон шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони Тоҷикистон боз аз болоравии нархи пиёз нигаронанд, аммо тоҷирон ва соҳибкорон мегӯянд, ки ин як тамоюли ҳарсолаест, ки ба "қонуни бозори пиёз" вобаста аст
2026-11-21T16:01+0500
2026-11-21T16:01+0500
2026-11-21T16:01+0500
дар тоҷикистон
пиёз
кишоварзӣ
вазорати кишоварзӣ
бозор
нарх
нархи гарон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0c/1082098862_0:23:3072:1751_1920x0_80_0_0_a76dc3b881e37eb918b0922e26dad54c.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя - Sputnik. Қимати пиёз дар бозорҳои Тоҷикистон бори дигар ба далели "авомили дохилӣ ва хориҷӣ" ё афзоиши харид дар дохили кишвар ва содирот ба хориҷ боло рафт.Дар як моҳ қимати пиёз дар вилоятҳои мухталиф аз 60 дарсад то беш аз ду баробар афзоиш ёфт.Бино ба иттилооти манобеи Sputnik Тоҷикистон дар маҳал, дар Суғд миёнгини қимати пиёз дар бозорҳои вилоят аз 1,5 то 2 сомонӣ ба 4,5 то 5 сомонӣ ва дар вилояти Хатлон аз 2 ба 5 сомонӣ афзоиш ёфт. Дар Душанбе қимат аз 2,5 ба 5 сомонӣ ва дар бозорҳои кӯчак то 6 сомонӣ тағйир кард.Албатта, дар бораи норасоии пиёз сухан намеравад. Саҳми пиёз дар маҷмӯи маҳсулоти сабзавоти кишвар ҳудуди 45 дарсадро ташкил медиҳад ва дар муқоиса бо дигар анвоъи ин маҳсулот, ҷойгоҳи пештозро дорад.Тибқи иттилооти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, тайи даҳ моҳи соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии кишвар ҳудуди 520 ҳаз. тонна пиёз тавлид шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта 120 ҳаз. тонна бештар аст.Сабаби асосии болоравии нархи ин сабзавот афзоиши талабот дар бозори дохилӣ буд.Ба гуфтаи яке аз соҳибкороне, ки пиёзро аз Тоҷикистон ба Русия ва Қазоқистон интиқол медиҳад, мавсими ҷамъоварии пиёз дар ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсоя оғоз шудааст, ки дар натиҷа талабот ба он ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.Тоҷирони пиёз мегӯянд дар Тоҷикистон маҳсули пиёз умдатан дар баҳор ва пойиз бардошт мешавад; дуруст замоне, ки дар кишварҳои дигар ҳанӯз зери хок аст. Дар ин замон, ба вижа дар тирамоҳ, фаровонии маҳсул деҳқононро водор мекунад онро ба бозори дохилӣ арза кунанд ва тоҷиронро ба фикри бозорҳои хориҷӣ меандозад."Дар муқоиса бо пиёзи тирамоҳӣ, пиёзи баҳориро наметавон нигаҳдорӣ ё захира кард. Маҷбур мешавем онро ба бозор арза кунем. Аз он ҷо, ки маҳсули баҳорӣ умдатан дар ҷануби кишвар ба даст меояд, бештар ба бозори дохилӣ равона мешавад", - мегӯянд онон.Ба гуфтаи фаъолони ин бозор, вазъияте, ки дар кишвар дар мавриди қимати пиёз ба вуҷуд омада, такрори солҳои гузашта ва як раванди табиӣ дар бозори пиёз аст: бо фаровон шудани маҳсул, қимат дар авохири тобистон ва авоили тирамоҳ дар бозори дохилӣ пойин меояд ва захирасозии он аз сӯи мардум афзоиш меёбад.Дар ҳамин ҳол, Вазорати зироати Тоҷикистон аз нақшаи афзоиши заминҳои зери кишти пиёз ва ба мувозоти он, афзоиши содироти пиёз ба бозорҳои хориҷӣ суҳбат мекунад.Бино ба иттилооте, ки ин ниҳод дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дода, дар маҷмӯъ содирот дар соли ҷорӣ бояд ба 35 ҳаз. тонна ва дар солҳои 2027 то 2028 ба 43 ҳаз. тонна бирасад.Тоҷикистон худ низ дар замони камбуди бозори дохилӣ аз хориҷи кишвар пиёз ворид кардааст. Бино ба додаҳои гумрукӣ, дар даҳ моҳи гузашта 770,2 тонна пиёз ба арзиши 182,7 ҳаз. доллар, бо миёнгини қимати 237 доллар барои ҳар тонна, аз хориҷ ворид кардааст.Ин рақам дар соли 2025 ҳудуди 1,2 ҳаз. тонна ба арзиши 321,5 ҳаз. доллар (271 доллар барои ҳар тонна) буд.
https://sputnik.tj/20261026/maqomot-mahsuloti-kishovarzi-zakhira-1081512332.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0c/1082098862_256:0:2987:2048_1920x0_80_0_0_cfc9394b82278093387740ba3039de2e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, пиёз, кишоварзӣ, вазорати кишоварзӣ, бозор, нарх, нархи гарон, иқтисод
дар тоҷикистон, пиёз, кишоварзӣ, вазорати кишоварзӣ, бозор, нарх, нархи гарон, иқтисод
Қонуни "бозори пиёз": чаро дар Тоҷикистон нархи пиёз гарон шуд?
Эксклюзив
Сокинони Тоҷикистон боз аз болоравии нархи пиёз нигаронанд, аммо тоҷирон ва соҳибкорон мегӯянд, ки ин як тамоюли ҳарсолаест, ки ба "қонуни бозори пиёз" вобаста аст
ДУШАНБЕ, 21 ноя - Sputnik. Қимати пиёз дар бозорҳои Тоҷикистон бори дигар ба далели "авомили дохилӣ ва хориҷӣ" ё афзоиши харид дар дохили кишвар ва содирот ба хориҷ боло рафт.
Дар як моҳ қимати пиёз дар вилоятҳои мухталиф аз 60 дарсад то беш аз ду баробар афзоиш ёфт.
Бино ба иттилооти манобеи
Sputnik Тоҷикистон дар маҳал, дар Суғд миёнгини қимати пиёз дар бозорҳои вилоят аз 1,5 то 2 сомонӣ ба 4,5 то 5 сомонӣ ва дар вилояти Хатлон аз 2 ба 5 сомонӣ афзоиш ёфт. Дар Душанбе қимат аз 2,5 ба 5 сомонӣ ва дар бозорҳои кӯчак то 6 сомонӣ тағйир кард.
"Ду ҳафта пеш дар Истаравшан мешуд як халта пиёзро, ки тақрибан 17 то 20 килограмм вазн дошт, ба 20 то 25 сомонӣ харид. Акнун як халтаро баста ба резӣ ва дуруштии пиёз метавон ба 70 то 80 сомонӣ харидорӣ кард”, - гуфт як фурӯшандаи пиёз дар Истаравшан, ки яке аз арзонтарин бозорҳои Тоҷикистон аст.
Албатта, дар бораи норасоии пиёз сухан намеравад. Саҳми пиёз дар маҷмӯи маҳсулоти сабзавоти кишвар ҳудуди 45 дарсадро ташкил медиҳад ва дар муқоиса бо дигар анвоъи ин маҳсулот, ҷойгоҳи пештозро дорад.
Тибқи иттилооти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, тайи даҳ моҳи соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии кишвар ҳудуди 520 ҳаз. тонна пиёз тавлид шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта 120 ҳаз. тонна бештар аст.
Сабаби асосии болоравии нархи ин сабзавот афзоиши талабот дар бозори дохилӣ буд.
Ба гуфтаи яке аз соҳибкороне, ки пиёзро аз Тоҷикистон ба Русия ва Қазоқистон интиқол медиҳад, мавсими ҷамъоварии пиёз дар ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсоя оғоз шудааст, ки дар натиҷа талабот ба он ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
"Пиёзе, ки дар тирамоҳ мерасад, қобилияти нигаҳдории тӯлонимуддат дорад ва дар сурати захирасозӣ то авоили баҳор тоза мемонад. Ҳар сол ҳамин вазъият пеш меояд ва мо наметавонем бо нигаҳ доштани миқдори зиёде аз он риск кунем, зеро кишварҳои харидор метавонанд ниёзи худро аз манобеи дигар таъмин кунанд”, - гуфт ин тоҷир.
Тоҷирони пиёз мегӯянд дар Тоҷикистон маҳсули пиёз умдатан дар баҳор ва пойиз бардошт мешавад; дуруст замоне, ки дар кишварҳои дигар ҳанӯз зери хок аст. Дар ин замон, ба вижа дар тирамоҳ, фаровонии маҳсул деҳқононро водор мекунад онро ба бозори дохилӣ арза кунанд ва тоҷиронро ба фикри бозорҳои хориҷӣ меандозад.
"Дар муқоиса бо пиёзи тирамоҳӣ, пиёзи баҳориро наметавон нигаҳдорӣ ё захира кард. Маҷбур мешавем онро ба бозор арза кунем. Аз он ҷо, ки маҳсули баҳорӣ умдатан дар ҷануби кишвар ба даст меояд, бештар ба бозори дохилӣ равона мешавад", - мегӯянд онон.
Ба гуфтаи фаъолони ин бозор, вазъияте, ки дар кишвар дар мавриди қимати пиёз ба вуҷуд омада, такрори солҳои гузашта ва як раванди табиӣ дар бозори пиёз аст: бо фаровон шудани маҳсул, қимат дар авохири тобистон ва авоили тирамоҳ дар бозори дохилӣ пойин меояд ва захирасозии он аз сӯи мардум афзоиш меёбад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати зироати Тоҷикистон аз нақшаи афзоиши заминҳои зери кишти пиёз ва ба мувозоти он, афзоиши содироти пиёз ба бозорҳои хориҷӣ суҳбат мекунад.
Бино ба иттилооте, ки ин ниҳод дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дода, дар маҷмӯъ содирот дар соли ҷорӣ бояд ба 35 ҳаз. тонна ва дар солҳои 2027 то 2028 ба 43 ҳаз. тонна бирасад.
Тоҷикистон худ низ дар замони камбуди бозори дохилӣ аз хориҷи кишвар пиёз ворид кардааст. Бино ба додаҳои гумрукӣ, дар даҳ моҳи гузашта 770,2 тонна пиёз ба арзиши 182,7 ҳаз. доллар, бо миёнгини қимати 237 доллар барои ҳар тонна, аз хориҷ ворид кардааст.
Ин рақам дар соли 2025 ҳудуди 1,2 ҳаз. тонна ба арзиши 321,5 ҳаз. доллар (271 доллар барои ҳар тонна) буд.