https://sputnik.tj/20261026/maqomot-mahsuloti-kishovarzi-zakhira-1081512332.html
Мақомот гуфт, чӣ қадар маҳсулоти кишоварзӣ захира кардааст
Мақомот гуфт, чӣ қадар маҳсулоти кишоварзӣ захира кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар кишвар захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ идома дорад
2026-10-26T11:50+0500
2026-10-26T11:50+0500
2026-10-26T13:21+0500
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
маҳсулот
захира
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/09/1081081504_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_36a464d35f73b4dfff575bb9f7d33017.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт - Sputnik. То 1 октябри соли 2026 дар сардхона ва анборхонаҳои ҷумҳурӣ 12 ҳазору 769,8 тонна ғалладонагӣ захира карда шудааст.Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои ин ниҳод, аз ҳаҷми умумии ғалладонагиҳои захирашуда 12 ҳазору 452,2 тонна ба гандум, 1 тонна ба ҷавдор ва 314,7 тонна ба ҷав рост меояд.Ҳамчунин, дар анборҳои кишвар 947,5 тонна ҷуворимакка барои дон, 132 тонна картошка, 28,9 тонна сабзавот, аз ҷумла 13,5 тонна сабзӣ ва 15,4 тонна бехпиёз, инчунин 284 тонна мева ва 24 тонна ангур захира шудааст.Дар баробари ин, захираи маводи асосии озуқаворӣ низ идома дошта, то санаи мазкур 4343,7 тонна орд, 1067,4 тонна равғани растанӣ, 4831 тонна шакар ва 12,4 тонна биринҷро ташкил медиҳад. Инчунин, дар сардхона ва анборхонаҳои ҷумҳурӣ 302 ҳазор қуттии шартии ҳамаи намудҳои консерва захира гардидааст.Мақомоти кишвар таъкид кардааст, ки захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи тайёри озуқаворӣ дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти зарурӣ ва таҳкими амнияти озуқавории кишвар аҳаммияти муҳим дорад.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста, аз ҷумла дар паёмҳо ва маҷлисҳои Ҳукумати кишвар, таъкид менамояд, ки ҳар як оилаи мамлакат бояд ба муҳлати то ду сол захираи маводи зарурии ғизоиро дошта бошад.Раҳбари кишвар борҳо таъкид кард, ки сокинон бояд аз исрофкорӣ худдорӣ намуда, ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентро барои гирифтани 2-3 ҳосил самаранок истифода баранд.
https://sputnik.tj/20260915/istehsol-mahsulot-kishovarzi-khatlon-mlrd-somoni-rasid-1080428477.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/09/1081081504_325:0:3056:2048_1920x0_80_0_0_f5c2c4f215535a37aa8712ab3cc3ed5f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, кишоварзӣ, маҳсулот, захира
дар тоҷикистон, кишоварзӣ, маҳсулот, захира
Мақомот гуфт, чӣ қадар маҳсулоти кишоварзӣ захира кардааст
11:50 26.10.2026 (Навсозишуда: 13:21 26.10.2026) Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар кишвар захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 26 окт - Sputnik. То 1 октябри соли 2026 дар сардхона ва анборхонаҳои ҷумҳурӣ 12 ҳазору 769,8 тонна ғалладонагӣ захира карда шудааст.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, аз ҳаҷми умумии ғалладонагиҳои захирашуда 12 ҳазору 452,2 тонна ба гандум, 1 тонна ба ҷавдор ва 314,7 тонна ба ҷав рост меояд.
Ҳамчунин, дар анборҳои кишвар 947,5 тонна ҷуворимакка барои дон, 132 тонна картошка, 28,9 тонна сабзавот, аз ҷумла 13,5 тонна сабзӣ ва 15,4 тонна бехпиёз, инчунин 284 тонна мева ва 24 тонна ангур захира шудааст.
Дар баробари ин, захираи маводи асосии озуқаворӣ низ идома дошта, то санаи мазкур 4343,7 тонна орд, 1067,4 тонна равғани растанӣ, 4831 тонна шакар ва 12,4 тонна биринҷро ташкил медиҳад. Инчунин, дар сардхона ва анборхонаҳои ҷумҳурӣ 302 ҳазор қуттии шартии ҳамаи намудҳои консерва захира гардидааст.
Мақомоти кишвар таъкид кардааст, ки захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи тайёри озуқаворӣ дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти зарурӣ ва таҳкими амнияти озуқавории кишвар аҳаммияти муҳим дорад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста, аз ҷумла дар паёмҳо ва маҷлисҳои Ҳукумати кишвар, таъкид менамояд, ки ҳар як оилаи мамлакат бояд ба муҳлати то ду сол захираи маводи зарурии ғизоиро дошта бошад.
Раҳбари кишвар борҳо таъкид кард, ки сокинон бояд аз исрофкорӣ худдорӣ намуда, ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентро барои гирифтани 2-3 ҳосил самаранок истифода баранд.