https://sputnik.tj/20261121/bunyod-nerugohi-roghun-uzbekiston-amudaryo-tasir-1082390458.html
Бунёди нерӯгоҳи "Роғун" ба оби Ӯзбекистон аз Амударё таъсире накардааст
Бунёди нерӯгоҳи "Роғун" ба оби Ӯзбекистон аз Амударё таъсире накардааст
Sputnik Тоҷикистон
Сохтмони бузургтарин тарҳи Тоҷикистон - нерӯгоҳи "Роғун" ҳадди аққал 4 - 5 соли дигар идома хоҳад ёфт
2026-11-21T13:02+0500
2026-11-21T13:02+0500
2026-11-21T13:02+0500
энергетика
вазорати энергетика ва захираҳои об
узбекистон
дар тоҷикистон
роғун
об
дарё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/1b/1070482582_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_d5b636ea5bb48cbc93d20a3e1669309a.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя - Sputnik. Корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" ба ҳиссаи оби Ӯзбекистон аз Амударё таъсире накардааст.Дар ин бора, вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Ҳамроев гуфтааст, хабар медиҳад Sputnik Узбекистон.Ба гуфтаи вазир, Узбекистон ҳамчунон ҳаҷми муқарраршудаи обро аз Амударё дарёфт мекунад.Ба гуфтаи ин мақомдор, сохтмони нерӯгоҳ ҳадди ақал 4–5 соли дигар идома хоҳад ёфт ва дар айни замон дар обанбори "Роғун" аз 1 то 1,5 млрд метри мукааб об мавҷуд аст.Ба истифода додани агрегати сеюм моҳи сентябри соли 2027 ва агрегатҳои боқимонда то соли 2031 пешбинӣ шудаастВазорат ҳамчунин қайд кард, ки то соли 2030 Ӯзбекистон метавонад бо норасоии об ба андозаи то 15 млрд метри мукааб рӯбарӯ шавад.Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вазири энержии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, феълан қариб 70% корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ иҷро гардидааст ва ба истифода додани агрегати сеюм моҳи сентябри соли 2027 ва агрегатҳои боқимонда то соли 2031 пешбинӣ шудааст.Татбиқи лоиҳаи бунёди Неругоҳи барқи обии "Роғун" бо иқтидори лоиҳавии 3780 мегаватт барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти стратегӣ дорад.Бояд гуфт, дар солҳои аввали сохтмони ин иншооти аср аз кишвари ҳамсоя Узбекистон садоҳое дар мавриди зарари калон ба обёрии заминҳои ин кишвар баланд шуда буд. Баръакс, мақомоти Тоҷикистон нақша доранд, ки ин иншоотро ҳамчун як маҷмааи бисёрмақсади гидроэнергетикӣ, аз ҷумла барои истеҳсоли нерӯи барқ, танзими об, коҳиши хатари обхезӣ ва рафъи хушксолӣ, истифода баранд.Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар дарёи Вахш соли 1987 оғоз ёфт, аммо лоиҳа дар солҳои 1990 бинобар фурӯпошии ИҶШС ва ҷанги шаҳрвандӣ ба таъхир афтод.Аз аввали солҳои 2000-ум инҷониб аз нав оғоз кардани корҳо чандин маротиба баррасӣ шуда буд, аммо бо сабаби сармоягузории назаррас пайваста ба таъхир меафтод.Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун расман соли 2016 аз нав оғоз ёфт.Тибқи лоиҳа, сарбанди нерӯгоҳи барқи обӣ 335 метр баландӣ хоҳад дошт, ки онро баландтарин сарбанди пур аз санг дар ҷаҳон мегардонад.Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи барқи обӣ, пас аз ба кор андохтани шаш агрегати он, 3,6 ГВт хоҳад буд, ки онро бузургтарин дар Осиёи Марказӣ мегардонад.
https://sputnik.tj/20261113/daler-juma-korho-sokhtmoni-roghun-1082124815.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/1b/1070482582_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_e69504b8c69848fda527ab2afb9a6483.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
энергетика, вазорати энергетика ва захираҳои об, узбекистон, дар тоҷикистон, роғун, об, дарё
энергетика, вазорати энергетика ва захираҳои об, узбекистон, дар тоҷикистон, роғун, об, дарё
Бунёди нерӯгоҳи "Роғун" ба оби Ӯзбекистон аз Амударё таъсире накардааст
Сохтмони бузургтарин тарҳи Тоҷикистон - нерӯгоҳи "Роғун" ҳадди аққал 4 - 5 соли дигар идома хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 21 ноя - Sputnik. Корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" ба ҳиссаи оби Ӯзбекистон аз Амударё таъсире накардааст.
Дар ин бора, вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Ҳамроев гуфтааст, хабар медиҳад Sputnik Узбекистон.
Ба гуфтаи вазир, Узбекистон ҳамчунон ҳаҷми муқарраршудаи обро аз Амударё дарёфт мекунад.
Ба гуфтаи ин мақомдор, сохтмони нерӯгоҳ ҳадди ақал 4–5 соли дигар идома хоҳад ёфт ва дар айни замон дар обанбори "Роғун" аз 1 то 1,5 млрд метри мукааб об мавҷуд аст.
Ба истифода додани агрегати сеюм моҳи сентябри соли 2027 ва агрегатҳои боқимонда то соли 2031 пешбинӣ шудааст
Вазорат ҳамчунин қайд кард, ки то соли 2030 Ӯзбекистон метавонад бо норасоии об ба андозаи то 15 млрд метри мукааб рӯбарӯ шавад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вазири энержии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, феълан қариб 70% корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ иҷро гардидааст ва ба истифода додани агрегати сеюм моҳи сентябри соли 2027 ва агрегатҳои боқимонда то соли 2031 пешбинӣ шудааст.
Татбиқи лоиҳаи бунёди Неругоҳи барқи обии "Роғун" бо иқтидори лоиҳавии 3780 мегаватт барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти стратегӣ дорад.
Бояд гуфт, дар солҳои аввали сохтмони ин иншооти аср аз кишвари ҳамсоя Узбекистон садоҳое дар мавриди зарари калон ба обёрии заминҳои ин кишвар баланд шуда буд. Баръакс, мақомоти Тоҷикистон нақша доранд, ки ин иншоотро ҳамчун як маҷмааи бисёрмақсади гидроэнергетикӣ, аз ҷумла барои истеҳсоли нерӯи барқ, танзими об, коҳиши хатари обхезӣ ва рафъи хушксолӣ, истифода баранд.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар дарёи Вахш соли 1987 оғоз ёфт, аммо лоиҳа дар солҳои 1990 бинобар фурӯпошии ИҶШС ва ҷанги шаҳрвандӣ ба таъхир афтод.
Аз аввали солҳои 2000-ум инҷониб аз нав оғоз кардани корҳо чандин маротиба баррасӣ шуда буд, аммо бо сабаби сармоягузории назаррас пайваста ба таъхир меафтод.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун расман соли 2016 аз нав оғоз ёфт.
Тибқи лоиҳа, сарбанди нерӯгоҳи барқи обӣ 335 метр баландӣ хоҳад дошт, ки онро баландтарин сарбанди пур аз санг дар ҷаҳон мегардонад.
Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи барқи обӣ, пас аз ба кор андохтани шаш агрегати он, 3,6 ГВт хоҳад буд, ки онро бузургтарин дар Осиёи Марказӣ мегардонад.