https://sputnik.tj/20261120/putin-b-safari-kori-voridi-dushanbe-1082385519.html
Раҳмон шахсан истиқбол гирифт: Путин бо сафари корӣ вориди Душанбе шуд
Раҳмон шахсан истиқбол гирифт: Путин бо сафари корӣ вориди Душанбе шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русияро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт
2026-11-20T11:25+0500
2026-11-20T11:25+0500
2026-11-20T15:05+0500
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
президент
дар тоҷикистон
русия
сафари путин ба тоҷикистон
пешвоз
сафари владимир путин ба тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/14/1082385773_0:263:1865:1312_1920x0_80_0_0_e24dabaf78ac8f1323b0b4b93994c803.jpg
ДУШАНБЕ, 20 ноя - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин пас аз мулоқоти сеҷониба бо кишвардорони ИМА Доналд Трамп ва Чин Си Ҷинпин ба Душанбе парвоз кард.Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, раисҷумҳури Русияро, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.Президенти Русияро дар баробари ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон инчунин раиси Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ ва сафири Русия дар Душанбе истиқбол гирифтанд.Интизор меравад, ки роҳбарони ду кишвар масоили мухталиф, аз тиҷорат то амният, фаъолияти пойгоҳи низомии 201-ум ва вазъи Афғонистонро баррасӣ намоянд.Сарони давлатҳо бори охир 11 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар Маскав мулоқот карданд. Ҳамчунин кишвардорон дар Кремл мулоқоти алоҳида баргузор карданд. Аммо, ба гуфтаи президенти Русия, ҷадвали корӣ имкон надод, ки ҳамаи масъалаҳои муҳимро баррасӣ кунанд."Ҳайати Русия ахиран аз Афғонистон боздид кард ва ният дорам, Эмомалӣ Раҳмонро аз дидгоҳамон огоҳ хоҳам кард, ки чӣ зарфиятҳо вуҷуд доранд", - изҳор дошт раисҷумҳури Русия дар робита ба ҳадафи сафараш ба Тоҷикистон.Путин гуфт, ки пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон кафили қавии амният дар минтақа аст.Роҳбарон инчунин муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро баррасӣ хоҳанд кард.Сафари кории президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе рӯзҳои 19-20 ноябр сурат мегирад.Владимир Путин чанд маротиба ба Тоҷикистон сафар кардааст: ТасвирбаёнЁдрас мешавем, ки Владимир Путин бори аввал соли 2000 ба Тоҷикистон сафар карда буд. Дар тӯли 26 сол ӯ беш аз 13 маротиба вориди Тоҷикистон шудааст.
https://sputnik.tj/20261119/tijorat-afghoniston-putin-hadaf-safar-tojikiston-1082366735.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/14/1082385773_49:171:1644:1367_1920x0_80_0_0_2008cf5c36649eae0981942b71564858.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, эмомалӣ раҳмон, президент, дар тоҷикистон, русия, сафари путин ба тоҷикистон, пешвоз
владимир путин, эмомалӣ раҳмон, президент, дар тоҷикистон, русия, сафари путин ба тоҷикистон, пешвоз
Раҳмон шахсан истиқбол гирифт: Путин бо сафари корӣ вориди Душанбе шуд
11:25 20.11.2026 (Навсозишуда: 15:05 20.11.2026) Раисҷумҳури Русияро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт
ДУШАНБЕ, 20 ноя - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин пас аз
мулоқоти сеҷониба бо кишвардорони ИМА Доналд Трамп ва Чин Си Ҷинпин ба Душанбе парвоз кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, раисҷумҳури Русияро, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Президенти Русияро дар баробари ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон инчунин раиси Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ ва сафири Русия дар Душанбе истиқбол гирифтанд.
Интизор меравад, ки роҳбарони ду кишвар масоили мухталиф, аз тиҷорат то амният, фаъолияти пойгоҳи низомии 201-ум ва вазъи Афғонистонро баррасӣ намоянд.
Сарони давлатҳо бори охир 11 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар Маскав мулоқот карданд. Ҳамчунин кишвардорон дар Кремл мулоқоти алоҳида баргузор карданд. Аммо, ба гуфтаи президенти Русия, ҷадвали корӣ имкон надод, ки ҳамаи масъалаҳои муҳимро баррасӣ кунанд.
"Ҳайати Русия ахиран аз Афғонистон боздид кард ва ният дорам, Эмомалӣ Раҳмонро аз дидгоҳамон огоҳ хоҳам кард, ки чӣ зарфиятҳо вуҷуд доранд", - изҳор дошт раисҷумҳури Русия дар робита ба ҳадафи сафараш ба Тоҷикистон.
Путин гуфт, ки пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон кафили қавии амният дар минтақа аст.
Роҳбарон инчунин муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро баррасӣ хоҳанд кард.
Сафари кории президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе рӯзҳои 19-20 ноябр сурат мегирад.
Ёдрас мешавем, ки Владимир Путин бори аввал соли 2000 ба Тоҷикистон сафар карда буд. Дар тӯли 26 сол ӯ беш аз 13 маротиба вориди Тоҷикистон шудааст.