Аз пойгоҳи 201 то тиҷорату Афғонистон: Путин ҳадафи сафараш ба Тоҷикистонро гуфт

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкСаммит глав государств СНГ в Туркменистане.
Саммит глав государств СНГ в Туркменистане. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2026
Обуна шудан
Президенти Русия Владимир Путин рӯзҳои 19 ва 20 ноябр ба шаҳри Душанбе сафар мекунад
ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи сафараш ба Душанберо баррасии масъалаҳои амният ва тиҷорат унвон кард.
Ӯ дар нишасти матбуотӣ пас аз мулоқоти сеҷониба бо кишвардорони ИМа Доналд Трамп ва Чин Си Ҷинпин дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар ин бора изҳор дошт.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав буд ва имкони баррасии масъалаҳои муҳим барои ду тараф набуд, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
"Ҳайати Русия ахиран аз Афғонистон боздид кард ва ният дорам, Эмомалӣ Раҳмонро аз дидгоҳамон огоҳ хоҳам кард, ки чӣ зарфиятҳо вуҷуд доранд", - изҳор дошт раисҷумҳури Русия.
Путин изҳор дошт, ки пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон кафили қавии амният дар минтақа аст.
"Масъалаи пойгоҳи 201, ки омили таъмини амният мебошад, баррасӣ хоҳад шуд", - изҳор дошт Путин.
Встреча президента РФ Владимира Путина и президента Таджикистана Эмомали Рахмона.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2026
Бо даъвати Раҳмон: Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меравад
Роҳбарон инчунин муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро баррасӣ хоҳанд кард.
Сафари кории президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе рӯзҳои 19-20 ноябр сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0