Президент Владимир Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин, рӯзҳои 8-10 октябр нахустин сафари давлатиро ба Тоҷикистон анҷом медиҳад

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бо Владимир Путин чиро баррасӣ мекунад

© Sputnik / Вячеслав Прокофьев / POOL / Гузариш ба медиабонкВстреча президента РФ Владимира Путина и президента Таджикистана Эмомали Рахмона.
Встреча президента РФ Владимира Путина и президента Таджикистана Эмомали Рахмона. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2026
Обуна шудан
Маълум шуд кишвардорони Русия ва Тоҷикистон дар мулоқоти дуҷониба кадом мавзуъҳоро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 20 ноя - Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон гуфт, ки дар музокирот дар Душанбе бо президенти Русия Владимир Путин муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои амнияти минтақавиро баррасӣ хоҳад кард
"Муносибатҳои дуҷонибаи мо ва амнияти минтақавии мо", - гуфт Раҳмон пеш аз оғози музокирот ба хабарнигорон.
Путин қаблан ба хабарнигорон гуфта буд, ки дар ин мулоқот вазъи Афғонистон, ки ҳайати Русия таҳти роҳбарии муовини сарвазир Алексей Оверчук ба наздикӣ аз он боздид карда буд ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд.
Сарони давлатҳо бори охир 11 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар Маскав мулоқот карданд. Ҳамчунин кишвардорон дар Кремл мулоқоти алоҳида баргузор карданд. Аммо, ба гуфтаи президенти Русия, ҷадвали корӣ имкон надод, ки ҳамаи масъалаҳои муҳимро баррасӣ кунанд.
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2026
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Раҳмон шахсан истиқбол гирифт: Путин бо сафари корӣ вориди Душанбе шуд
Сафари кории президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе рӯзҳои 19-20 ноябр сурат мегирад.
Владимир Путин чанд маротиба ба Тоҷикистон сафар кардааст: Тасвирбаён
Ёдрас мешавем, ки Владимир Путин бори аввал соли 2000 ба Тоҷикистон сафар карда буд. Дар тӯли 26 сол ӯ беш аз 13 маротиба вориди Тоҷикистон шудааст.
Лентаи хабарҳо
0