https://sputnik.tj/20261117/putin-safar-kori-tojikiston-1082244401.html
Бо даъвати Раҳмон: Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меравад
Бо даъвати Раҳмон: Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меравад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин рӯзҳои 19-20 ноябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон хоҳад рафт.
2026-11-17T11:43+0500
2026-11-17T11:43+0500
2026-11-17T12:38+0500
владимир путин
сиёсат
дар тоҷикистон
русия
эмомалӣ раҳмон
музокирот
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0c/1082092069_0:0:2999:1688_1920x0_80_0_0_5f4381648616568c0561d625c6b09268.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя -Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин рӯзҳои 19-20 ноябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон хоҳад рафт.Дар ин бора, дафтари матбуотии Кремл хабар додааст.Қаблан, ёвари президенти Русия Юрий Ушаков эълон карда буд, ки Путин пас аз нишасти Ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором (APEC) ба Душанбе сафар мекунад.Ӯ гуфт, дар Душанбе кишвардори Русия, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, гуфтушунид хоҳад кард.Президент дар ҷараёни музокирот масъалаҳои муҳими рушди шарикӣ ва иттифоқи стратегии Русия ва Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои мубрами байналмиллалӣ ва минтақавиро баррасӣ хоҳад кард, гуфтанд дар Кремл. Ба гуфтаи ӯ, роҳбарон "ба баррасии муфассалтари ҷанбаҳои зиёди ҳамкории дуҷонибаи Русия ва Тоҷикистон манфиатдоранд".Раҳбари Русия пас аз нишасти Ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар Шенҷени Чин баргузор мешавад, ба пойтахти Тоҷикистон сафар хоҳад кард.Рӯзҳои асосии кории Путин дар Чин 18-19 ноябр хоҳанд буд, ки дар он ҷо ӯ суханронӣ мекунад, дар ҷаласаи роҳбарони иқтисодии AСЕАН иштирок мекунад ва бо раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин ва президенти ИМА Доналд Трамп музокироти сеҷониба анҷом медиҳад.Ин дар ҳолест, ки чанде пеш президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар Русия қарор дошт. Ӯ дар нишасти сарони кишварҳои узви СААд ширкат ва суханронӣ кард.Дар ҳошиаи ин нишаст, Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин масъалаи амнияту субот дар минтақа ва дигар ҷанбаҳои ҳамкории ду кишварро баррасӣ кард.
https://sputnik.tj/20261112/muloqoti-rahmon-putin-maskav-1082093400.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0c/1082092069_90:0:2819:2047_1920x0_80_0_0_fd7fdd11635f6dca47898adea2bad04f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, сиёсат , дар тоҷикистон, русия, эмомалӣ раҳмон, музокирот, мулоқот
владимир путин, сиёсат , дар тоҷикистон, русия, эмомалӣ раҳмон, музокирот, мулоқот
Бо даъвати Раҳмон: Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меравад
11:43 17.11.2026 (Навсозишуда: 12:38 17.11.2026) Президенти Русия дар Душанбе бо кишвардори Тоҷикистон гуфтушунид анҷом хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 17 ноя -Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин рӯзҳои 19-20 ноябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон хоҳад рафт.
Дар ин бора, дафтари матбуотии Кремл хабар додааст.
Қаблан, ёвари президенти Русия Юрий Ушаков эълон карда буд, ки Путин пас аз нишасти Ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором (APEC) ба Душанбе сафар мекунад.
Ӯ гуфт, дар Душанбе кишвардори Русия, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, гуфтушунид хоҳад кард.
"Рӯзҳои 19-20 ноябри соли 2026, бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон хоҳад рафт", - омадааст дар хабарнома.
Президент дар ҷараёни музокирот масъалаҳои муҳими рушди шарикӣ ва иттифоқи стратегии Русия ва Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои мубрами байналмиллалӣ ва минтақавиро баррасӣ хоҳад кард, гуфтанд дар Кремл.
Ба гуфтаи ӯ, роҳбарон "ба баррасии муфассалтари ҷанбаҳои зиёди ҳамкории дуҷонибаи Русия ва Тоҷикистон манфиатдоранд".
Раҳбари Русия пас аз нишасти Ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар Шенҷени Чин баргузор мешавад, ба пойтахти Тоҷикистон сафар хоҳад кард.
Рӯзҳои асосии кории Путин дар Чин 18-19 ноябр хоҳанд буд, ки дар он ҷо ӯ суханронӣ мекунад, дар ҷаласаи роҳбарони иқтисодии AСЕАН иштирок мекунад ва бо раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин ва президенти ИМА Доналд Трамп музокироти сеҷониба анҷом медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар Русия қарор дошт. Ӯ дар нишасти сарони кишварҳои узви СААд ширкат ва суханронӣ кард.
Дар ҳошиаи ин нишаст, Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин масъалаи амнияту субот дар минтақа ва дигар ҷанбаҳои ҳамкории ду кишварро баррасӣ кард.