https://sputnik.tj/20261119/se-moh-se-transformator-yovon-zeristgoh-1082338734.html
Зеристгоҳи "Ёвон" қариб се баробар пуриқтидортар шуд
Зеристгоҳи "Ёвон" қариб се баробар пуриқтидортар шуд
Sputnik Тоҷикистон
Пеш аз зимистон: иқтидори зеристгоҳи "Ёвон" аз 80 то 221 ҳазор кВА расид
2026-11-19T13:45+0500
2026-11-19T13:45+0500
2026-11-19T13:45+0500
дар тоҷикистон
ёвон
вазорати энергетика ва захираҳои об
барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1a/1079935085_0:12:2048:1164_1920x0_80_0_0_a8462d6cb6de58ecae681e5a1b992e82.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя- Sputnik. Сокинон ва корхонаҳои ноҳияи Ёвон аз ин пас бо барқи боэътимодтар таъмин мешаванд.Иқтидори зеристгоҳи барқии 220/35/10-6 кВ "Ёвон" давоми се моҳ аз 80 ҳазор то 221 ҳазор кВА, яъне зиёда аз 2,7 маротиба афзуд. Навбати сеюми зеристгоҳро ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" бунёд кард,-хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати энергетика.Дар доираи лоиҳа се трансформатори қудратӣ бо иқтидори умумии 141 ҳазор кВА насб гардид. Корҳои сохтмонию насбро мутахассисони филиали ширкат дар шаҳри Душанбе дар муддати се моҳ ба анҷом расониданд.Ба гуфтаи вазорат, пештар иқтидори трансформаторҳои мавҷуда талаботи афзояндаи аҳолӣ ва иқтисодиёти ноҳияро пурра қонеъ намекард.Дар фаслҳои тобистону зимистон, вақте истеъмоли барқ меафзояд, таҷҳизот аз ҳад зиёд сарборӣ мешуд ва дар таъминоти барқи хонаводаҳо, корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ мушкилот пеш меомад.Тавсеаи зеристгоҳ барои баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқ, пешгирии садамаҳо ва коҳиш додани сарборӣ дар шабакаҳо равона шудааст.Ёдовар мешавем, ки зеристгоҳи "Ёвон" моҳи августи соли ҷорӣ ҳангоми сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон ба истифода дода шуда буд.
https://sputnik.tj/20261112/panel-oftobi-tavsiyahoi-vazorat-sarfa-barq-1082076949.html
ёвон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1a/1079935085_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_718ef82c88bbc8abdf71b356300ac3a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ёвон, вазорати энергетика ва захираҳои об, барқ
дар тоҷикистон, ёвон, вазорати энергетика ва захираҳои об, барқ
Зеристгоҳи "Ёвон" қариб се баробар пуриқтидортар шуд
Иқтидори зеристгоҳи "Ёвон" аз 80 то 221 ҳазор кВА расид, ки таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар фасли сарморо беҳтар хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 19 ноя- Sputnik. Сокинон ва корхонаҳои ноҳияи Ёвон аз ин пас бо барқи боэътимодтар таъмин мешаванд.
Иқтидори зеристгоҳи барқии 220/35/10-6 кВ "Ёвон" давоми се моҳ аз 80 ҳазор то 221 ҳазор кВА, яъне зиёда аз 2,7 маротиба афзуд.
Навбати сеюми зеристгоҳро ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" бунёд кард,-хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати энергетика.
Дар доираи лоиҳа се трансформатори қудратӣ бо иқтидори умумии 141 ҳазор кВА насб гардид.
Корҳои сохтмонию насбро мутахассисони филиали ширкат дар шаҳри Душанбе дар муддати се моҳ ба анҷом расониданд.
Ба гуфтаи вазорат, пештар иқтидори трансформаторҳои мавҷуда талаботи афзояндаи аҳолӣ ва иқтисодиёти ноҳияро пурра қонеъ намекард.
Дар фаслҳои тобистону зимистон, вақте истеъмоли барқ меафзояд, таҷҳизот аз ҳад зиёд сарборӣ мешуд ва дар таъминоти барқи хонаводаҳо, корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ мушкилот пеш меомад.
Тавсеаи зеристгоҳ барои баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқ, пешгирии садамаҳо ва коҳиш додани сарборӣ дар шабакаҳо равона шудааст.
Ёдовар мешавем, ки зеристгоҳи "Ёвон" моҳи августи соли ҷорӣ ҳангоми сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон ба истифода дода шуда буд.