Аз Русия то Кувайт: кадом кишварҳо барои донишҷӯёни тоҷик гранти таҳсил ҷудо мекунанд

© SputnikДень открытых дверей в РТСУ.
День открытых дверей в РТСУ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2026
Обуна шудан
Шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доранд дар кишварҳои хориҷ аз қабили Русия, Чин, Кувайт, Туркия ва ғайра таҳсили илм намоянд
ДУШАНБЕ, 18 ноя- Sputnik. Маркази забонҳои Донишгоҳи Кувайт Нуҳа Ал-Атиқӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 6 квотаи таҳсил ҷудо кардааст.
Дар ин бора зимни мулоқоти сафири махсус ва фавқулоддаи Тоҷикистон дар Қувайт Хусрав Нозирӣ бо иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази забонҳои Донишгоҳи Кувайт Нуҳа Ал-Атиқӣ маълум шуд.
Ҷонибҳо роҳҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маорифро баррасӣ кардаанд.
Гуфта шудааст, ки Маркази забонҳо ҳар сол ба донишҷӯёни тоҷик шаш гранти таҳсил пешниҳод мекунад.

Боз кадом давлатҳо барои Тоҷикистон квота ҷудо мекунанд?

Аз соли 2026 то 2029 Чин барои ҷавонони Тоҷикистон 150 квота, ки аз 20 ҷойи бакалаврӣ, 100 ҷой барои магистратура ва 30 барои докторӣ иборат аст, ҷудо мекунад.
Донишгоҳи Пекин 10 квотаи иловагӣ барои тоҷикистониён дорад. Донишҷуёни тоҷик онҷо ройгон таҳсил мекунанд
Дар баробари ин, Русия ҳамасола зиёда аз 1000 квотаро барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик ихтисос медиҳад. Русия дар соли таҳсили 2027 - 2028 низ шумораи квотаҳоро дар сатҳи ҳазор адад ҳифз хоҳад кард.
Аллакай омодагӣ барои қабулшавӣ ба донишгоҳҳои Русия шуруъ гардида муаррифии донишгоҳҳои кишвар дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе баргузор шуд.
Таваҷҷуҳ ба таҳсил дар Русия миёни тоҷикистониҳо баланд мебошад ва қабули дархостҳо аз моҳи декабр оғоз хоҳад шуд, изҳор дошт Наталия Киселёва дар мулоқот бо довталабони тоҷик дар "Хонаи Русия" дар Душанбе.
Тибқи иттилои Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат), аз моҳи январ то июни соли 2026 беш аз 22 ҳаз. шаҳрванди Тоҷикистон барои таҳсил вориди Русия шудаанд.
Центр допобразования Россотрудничества в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2026
Маълум шуд, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон барои таҳсил вориди Русия шуданд
Ҳамчунин Туркия низ квота эълон мекунад ва қабули ҳамасола 5000 стипендияро барои донишҷӯён аз тамоми гӯшаю канори дунё ташкил медиҳад.
Таввассути барномаҳои байналмиллалӣ бошад, дар Душанбе 300 донишҷӯ барои таҳсил бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0