Маълум шуд, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон барои таҳсил вориди Русия шуданд

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкСтуденты на лекции
Студенты на лекции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2026
Обуна шудан
Хадамоти федералии омори давлатии Русия шумораи шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки барои таҳсил ба Русия ворид шудаанд, эълон кард
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат), беш аз 22 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз моҳи январ то июни соли 2026 барои таҳсил вориди Русия шудаанд.
Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳо дар ҷои чорум қарор гирифтааст.
Шумораи бештари донишҷӯёне, ки ба Русия барои таҳсил ворид шудаанд шаҳрвандони Қазоқистон (беш аз 47 100 нафар) будаанд. Пас аз ин кишвар дар феҳрист Чин бо тақрибан 42 500 донишҷӯ ҷой гирифтааст.
Дар ҷойи панҷум Қирғизистон қарор гирифтааст. Қариб 12 800 шаҳрванди ин кишвар донишгоҳҳои Русия барои таҳсил интихоб кардаанд.
Начало нового учебного года в вузах  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2024
Дар Русия беш аз 36 ҳазор донишҷӯ ва аспиранти тоҷик таҳсил мекунад
Дар маҷмӯъ 202 600 шаҳрванди хориҷӣ барои оғози таҳсил аз моҳи январ то июни соли 2026 ба Русия омадаанд.
Тибқи иттилои Росстат, айни замон дар донишгоҳҳои Русия дар маҷмӯъ 415 ҳазор донишҷӯ аз кишварҳои мухталиф таҳсил мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0