https://sputnik.tj/20261118/korkhona-dushanbe-energiya-oftob-1082296311.html
Душанбе: Корхонаҳои пойтахт ба энергияи офтобӣ мегузаранд
Душанбе: Корхонаҳои пойтахт ба энергияи офтобӣ мегузаранд
Sputnik Тоҷикистон
Корхонаҳои Душанбе ба энергияи офтобӣ мегузаранд: "Ширин" ва "Фаровон" зиёда аз 2,8 МВт тавон насб мекунанд
2026-11-18T15:38+0500
2026-11-18T15:38+0500
2026-11-18T15:38+0500
дар тоҷикистон
бозор
ширин
душанбе
энергетика
нерӯгоҳи офтобӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/15/1074691810_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_fbd353d7a9fc6e31ac36f0e80f58fbc1.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя- Sputnik. Истифодаи энергияи офтобӣ дар шаҳри Душанбе бештар мешавад.Ҳамин тавр, дар ду корхонаи пойтахт - фабрикаи қаннодии "Ширин" ва бозори "Фаровон" - зиёда аз 4,5 ҳаз. панели офтобӣ насб шудааст.Дар ин бора, хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилооъ доданд.Дар ҶСП "Фабрикаи қаннодии "Ширин"" 2283 панел бо тавони умумии 1483 кВт ба кор андохта шудааст. Насби боз зиёда аз 240 панел бо тавони 156 кВт идома дошта баъд аз анҷоми он тавони умумӣ ба 1639 кВт мерасад.Дар ҳудуди бозори ҶДММ "Фаровон Д" 2000 панели офтобӣ бо тавони 1240 кВт насб гардида, корҳо дар марҳилаи ниҳоӣ қарор доранд. Муовини раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода аз рафти ҷараёни корҳо аз наздик шинос шуд.Барқи истеҳсолшуда асосан барои эҳтиёҷоти дохилии корхонаҳо - кори таҷҳизот, равшанӣ ва равандҳои истеҳсолӣ - истифода мешавад ва сарбории шабакаи умумии барқро дар мавсими тирамоҳу зимистон коҳиш медиҳад.Ин дар ҳолест, ки то охири соли 2027 дар Тоҷикистон сохтмони боз 1000 мегаватт иқтидори нави фотоэлектрикӣ дар назар аст.Айни замон дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун бунёди ду неругоҳи бузурги офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт идома дорад.Ёдовар мешавем, ки Вазорати энергетика дар ҳамкорӣ бо ширкати "Системавтоматика" ва Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар" тарҳҳои намунавии неругоҳҳои барқи офтобиро барои хонаҳои истиқоматӣ таҳия намудааст.Таррҳо вобаста ба иқтидори таҷҳизот ва хусусиятҳои макон таҳияи шуда се варианти ҷойгиркунии панелҳои офтобиро пешниҳод мекунанд.Ҳамчунин барои дастгирии соҳа, воридоти панелҳои офтобӣ то соли 2031 аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод карда шудааст. Инчунин, биноҳое, ки панелҳои офтобӣ бо иқтидори на камтар аз 0,1 МВт доранд, барои 5 сол аз андози моликияти ғайриманқул озод мешаванд.Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 280–330 рӯзи офтобӣ дар сол дорад, ки барои истеҳсоли қувваи барқи офтобӣ шароити бениҳоят мусоид фароҳам меорад.
https://sputnik.tj/20261112/panel-oftobi-tavsiyahoi-vazorat-sarfa-barq-1082076949.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/15/1074691810_211:0:2942:2048_1920x0_80_0_0_92a2ec87d66eeb1bf0bc1ecb93ec289d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, бозор, ширин, душанбе, энергетика, нерӯгоҳи офтобӣ
дар тоҷикистон, бозор, ширин, душанбе, энергетика, нерӯгоҳи офтобӣ
Душанбе: Корхонаҳои пойтахт ба энергияи офтобӣ мегузаранд
Дар Тоҷикистон барномаи вижаи сохтмони нерӯгоҳҳои офтобӣ амал мекунад
ДУШАНБЕ, 18 ноя- Sputnik. Истифодаи энергияи офтобӣ дар шаҳри Душанбе бештар мешавад.
Ҳамин тавр, дар ду корхонаи пойтахт - фабрикаи қаннодии "Ширин" ва бозори "Фаровон" - зиёда аз 4,5 ҳаз. панели офтобӣ насб шудааст.
Дар ин бора, хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилооъ доданд.
Дар ҶСП "Фабрикаи қаннодии "Ширин"" 2283 панел бо тавони умумии 1483 кВт ба кор андохта шудааст.
Насби боз зиёда аз 240 панел бо тавони 156 кВт идома дошта баъд аз анҷоми он тавони умумӣ ба 1639 кВт мерасад.
Дар ҳудуди бозори ҶДММ "Фаровон Д" 2000 панели офтобӣ бо тавони 1240 кВт насб гардида, корҳо дар марҳилаи ниҳоӣ қарор доранд.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода аз рафти ҷараёни корҳо аз наздик шинос шуд.
Барқи истеҳсолшуда асосан барои эҳтиёҷоти дохилии корхонаҳо - кори таҷҳизот, равшанӣ ва равандҳои истеҳсолӣ - истифода мешавад ва сарбории шабакаи умумии барқро дар мавсими тирамоҳу зимистон коҳиш медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки то охири соли 2027 дар Тоҷикистон сохтмони боз 1000 мегаватт иқтидори нави фотоэлектрикӣ дар назар аст.
Айни замон дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун бунёди ду неругоҳи бузурги офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати энергетика дар ҳамкорӣ бо ширкати "Системавтоматика" ва Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар" тарҳҳои намунавии неругоҳҳои барқи офтобиро барои хонаҳои истиқоматӣ таҳия намудааст.
Таррҳо вобаста ба иқтидори таҷҳизот ва хусусиятҳои макон таҳияи шуда се варианти ҷойгиркунии панелҳои офтобиро пешниҳод мекунанд.
Ҳамчунин барои дастгирии соҳа, воридоти панелҳои офтобӣ то соли 2031 аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод карда шудааст. Инчунин, биноҳое, ки панелҳои офтобӣ бо иқтидори на камтар аз 0,1 МВт доранд, барои 5 сол аз андози моликияти ғайриманқул озод мешаванд.
Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 280–330 рӯзи офтобӣ дар сол дорад, ки барои истеҳсоли қувваи барқи офтобӣ шароити бениҳоят мусоид фароҳам меорад.