Ҳаҷми хазинаи захиравии президенти Тоҷикистон барои соли 2027 маълум шуд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон на заседании в узком составе Совета коллективной безопасности Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) в Москве.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на заседании в узком составе Совета коллективной безопасности Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2026
Обуна шудан
Ҳаҷми маблағҳои Фонди захиравии президенти Тоҷикистон, ки мувофиқи салоҳдиди кишвардор масраф мешаванд, муайян шуд
ДУШАНБЕ, 18 ноя- Sputnik. Пули Фонди захиравии президенти Тоҷикистон барои соли оянда 1,22 млрд сомониро ташкил хоҳад дод.

Ин нукта дар тарҳи қонуни буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли оянда муқаррар шудааст.
Маблағҳои ин Фонд бо салоҳдиди раисҷумҳур, барои корҳои хайриявӣ, иҷтимоӣ ва дар ҳолатҳои изтирорӣ истифода мешавад.
Ҳаҷми маблағи Фонди захиравии президенти Тоҷикистон дар буҷаи давлатии соли оянда дар қиёс бо соли равон 29% - и дигар афзоиш меёбад. Соли равон маблағи Фонд беш аз 944 млн сомониро ташкил медиҳад.
Фонди захиравии президенти Тоҷикистон барои соли 2025 бошад, 685,6 млн сомонӣ буд.
Соли 2021 ҳудуди 404 млн сомонӣ, соли 2022 ба маблағи 438,5 млн сомонӣ ва дар 2023 ҳудуди 495 млн сомонӣ муқаррар гардида буд.
Маблағҳои ин Фонд бо салоҳдиди раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои хайриявӣ, иҷтимоӣ ва дар ҳолатҳои изтирорӣ истифода мешаванд.
Аз ҷумла тайи солҳои охир аз ҳисоби маблағҳои захиравӣ озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар бахши маорифу фарҳанг гузаронда мешаванд.
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2026
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли 2027 дар Тоҷикистон муқаррар шуд
Инчунин дар соли 2020 аз пулҳои ин Фонд барои табибоне, ки дар шароити пандемияи коронавирус фаъолият карданд, кумакпулиҳои иловагӣ пардохт гардиданд.
Дар баробари ин аз Фонди захиравии президент ба варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ медал мегиранд, ҷоизапулӣ пардохт мегардад.
Ҷудо намудани стипендия барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии таълимии хориҷи кишвар аз бандҳои дигари хароҷоти фонд арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0