Нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли 2027 дар Тоҷикистон муқаррар шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2026
Обуна шудан
Барномаи буҷаи соли 2027 ва қарзгирии беруна барои баррасӣ ба парлумон пешниҳод карда шуд. Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳуҷҷатҳои моливиро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ,18 ноя- Sputnik. Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2027 - 81 сомонӣ хоҳад буд.
Ин нишондищанда дар муқоиса бо соли 2026, он 3 сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Дар ин бора. як манбаъ дар парлумони Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ҳамин тариқ, тибқи маълумот, нишондиҳанда барои ҳисобҳо се сомонӣ - аз 78 то 81 афзоиш хоҳад ёфт.
Шӯрои Маҷлиси Намояндагон, ки таҳти раёсати Файзалӣ Идизода қарор дошт, ҳуҷҷатҳои асосии молиявиро барои соли 2027 баррасӣ кард.
Дар он лоиҳаи буҷаи давлатӣ, барномаи қарзгирии беруна ва дастурҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ муҳокима гардид.
Ин оғози давраи парлумонӣ барои тасдиқи нақшаи молиявии кишвар барои соли оянда буд.
Экономический рост.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2026
Рушди ММД ва таваррум: пешгӯии вазъи иқтисоди Тоҷикистон то охири соли 2026
Дар баробари лоиҳаи қонун дар бораи буҷаи давлатии соли 2027, ба вакилони парлумон пешгӯии буҷа барои солҳои 2028-2029 пешниҳод карда шудааст. Лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатӣ низ ҳамин давраро фаро мегирад.
Ҳуҷҷат ҳаҷм ва шартҳои маблағҳои қарзиро, ки кишвар метавонад қарз гирад, муайян мекунад.
Дастурҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ барои соли 2027 ва миёнамуҳлат низ алоҳида баррасӣ шуданд.
Қобили зикр аст, ҳаҷми нишондиҳандаҳо барои ҳисоб дар солҳои 2015-2016 40 сомонӣ, дар солҳои 2017-2018 50 сомонӣ ва дар солҳои 2019-2020 58 сомониро ташкил медод.
Аз соли 2021 инҷониб, ин маблағ ҳар сол тағйир меёбад. Дар соли 2026 нишондиҳанда 78 сомонӣ буд.
Лентаи хабарҳо
0