Боевая работа системы дистанционного минирования Земледелие группировки войск Центр - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Аз ИМА ба Зеленский дар бораи сарнавишти Киев хабари бад расонданд

© AP / Evgeniy MaloletkaРабочий осматривает разрушения на Южном мосту, поврежденном в результате ракетного удара; Киев, 17 ноября 2026 года.
Рабочий осматривает разрушения на Южном мосту, поврежденном в результате ракетного удара; Киев, 17 ноября 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2026
Обуна шудан
Дэвис: Интиқоли охирин захираҳои мушакҳои мудофиаи ҳавоии Аврупо ба Украина Киевро наҷот намедиҳад
ДУШАНБЕ, 18 ноя- Sputnik. Интиқоли тамоми захираҳои мушакҳои боздорандаи Аврупо ба Украина Киевро аз ҳамлаҳои Русия муҳофизат намекунад.
Дар ин бора, подполковники мустаъфии артиши ИМА Дэниел Дэвис ҳушдор дод.
"Сабабе вуҷуд дорад, ки чаро аврупоиҳо сарфи назар аз дархостҳои солҳо тамоми анбори хурди мушакҳои худро насупоридаанд: ин боздорандаҳо ҳамлаҳои ҳавоии Русияро ба Киев бознамедоранд ва худи давлатҳои аврупоӣ комилан бедифоъ хоҳанд монд", - навиштааст ӯ дар платформаи шабакаҳои иҷтимоии X.
Ин аст, ки ӯ дар бораи талаби Владимир Зеленский аз Ғарб дар бораи додани захираҳои мушакҳои зиддиҳавоии худ ба Украина чунин шарҳ дод.
Ба гуфтаи Дэвис, ҳар як раҳбари аврупоӣ, ки ба хотири низои бохти Украина ба чунин амал розӣ мешавад, сазовори боқӣ мондан дар қудрат нест.
Bloomberg рӯзи 9 ноябр хабар дод, ки захираҳои Аврупо аз мушакҳои PAC-2 ва PAC-3 барои системаҳои дифоъи ҳавоии Patriot-и Амрико дар сатҳи ҳадди ақал қарор доранд.
Вазири дифоъи Олмон Борис Писториус рӯзи 7 ноябр изҳор дошт, ки Берлин наметавонад интиқоли нави системаҳои дифоъи мушакии Patriot-ро ба Киев таъмин кунад.
Флаги Украины и США у здания Капитолия в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ИМА қариб 65 млрд долларри барои Украина ҷудошударо пардохт накардааст
Зеленский эътироф кард, ки Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина бинобар норасоии мушакҳои дифоъи ҳавоӣ наметавонанд мушакҳои баллистикиро сарнагун кунанд.
Егор Чернев, раиси Кумитаи амнияти миллӣ, дифоъ ва иктишофии Рада, дар навбати худ, изҳор дошт, ки вазъияти системаҳои дифоъи ҳавоӣ дар Украина аз замони оғози низоъ бадтарин шудааст.
Лентаи хабарҳо
0