https://sputnik.tj/20261118/bghafurov-osh-behtarin-nohiya-pukhta-meshavad-1082311188.html
Дар шаҳри Хуҷанд ҷашнвораи оши палав баргузор гардид
Дар шаҳри Хуҷанд ҷашнвораи оши палав баргузор гардид
Sputnik Тоҷикистон
Фестивал - озмуни оши палав дар вилояти Суғд баргузор гардид ва ғолибони озмун муайян шуд. Ҳамаи иштирокчиёни озмун қадрдонӣ гаштанд
2026-11-18T19:30+0500
2026-11-18T19:30+0500
2026-11-18T19:30+0500
суғд
фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "оши палов"
озмуни ошпазӣ
хуҷанд
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/16/1061025914_0:3:3073:1732_1920x0_80_0_0_8c75ec9640767ebd61b9baf3bfcce2e1.jpg
ДУШАНБЕ,18 ноя- Sputnik. Фестивали оши палав дар Маҷмааи фарҳангию таърихии "Қалъаи Хуҷанд" бо иштироки беҳтарин ошпазҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.Ин фестивал бо мақсади эҳё ва тарғиби анъанаҳои миллӣ, муаррифии фарҳанги миллӣ, ҳунари ошпазӣ ва арҷгузорӣ ба яке аз таомҳои маъруфи миллати тоҷик - оши палав ташкил карда шуд, гуфтанд дар мақомоти вилояти Суғд.Аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти фестивал ғолибон дар бахши "Беҳтарин оши палав" муайян шуд. Ҷойи якумро ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ишғол кард. Ҷойи дуюм шаҳри Хуҷанд ва мақоми сеюмро ошпаз аз ноҳияи Айнӣ соҳиб гардидаанд.Манбаъ мегӯяд, дар бахши "Муаррифии беҳтарин" шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом ва Деваштич сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.Ҳамзамон, барои иштироки фаъолона шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Спитамен ва Ҷаббор Расулов қадрдонӣ карда шуданд.Ёдовар мешавем, ки "Оши палов" соли 2016 ба Руйхати намояндагии Мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид карда шудааст. Ин на танҳо эътирофи маҳорати пухтупаз буда,эътирофи вазифаи иҷтимоии он ҳамчун воситаи муттаҳидсозӣ, мизбоннавозӣ ва ҳамкорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
https://sputnik.tj/20261103/safar-pursamar-rahmon-khujand-korkhona-tarabkhona-1081773962.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/16/1061025914_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_69c5850b63566af67fd9ff898726d6db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "оши палов", озмуни ошпазӣ, хуҷанд, фарҳанг
суғд, фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "оши палов", озмуни ошпазӣ, хуҷанд, фарҳанг
Дар шаҳри Хуҷанд ҷашнвораи оши палав баргузор гардид
Дар вилояти Суғд, Фестивал - озмуни оши палав баргузор гардид. Беҳтарин ошпазҳо маълум ва қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ,18 ноя- Sputnik. Фестивали оши палав дар Маҷмааи фарҳангию таърихии "Қалъаи Хуҷанд" бо иштироки беҳтарин ошпазҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.
Ин фестивал бо мақсади эҳё ва тарғиби анъанаҳои миллӣ, муаррифии фарҳанги миллӣ, ҳунари ошпазӣ ва арҷгузорӣ ба яке аз таомҳои маъруфи миллати тоҷик - оши палав ташкил карда шуд, гуфтанд дар мақомоти вилояти Суғд.
"Дар рафти фестивал ошпазҳои шаҳру ноҳияҳо маҳорати касбии худро ба намоиш гузошта, навъҳои гуногуни оши палавро омода ва пешкаши иштирокчиён намуданд. Ҳамзамон, тарзи омода намудани таом, риояи анъанаҳои миллӣ ва ороиши дастархон аз ҷониби ҳайати ҳакамон арзёбӣ гардид" - афзуд манбаъ.
Аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти фестивал ғолибон дар бахши "Беҳтарин оши палав" муайян шуд. Ҷойи якумро ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ишғол кард.
Ҷойи дуюм шаҳри Хуҷанд ва мақоми сеюмро ошпаз аз ноҳияи Айнӣ соҳиб гардидаанд.
Манбаъ мегӯяд, дар бахши "Муаррифии беҳтарин" шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом ва Деваштич сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Ҳамзамон, барои иштироки фаъолона шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Спитамен ва Ҷаббор Расулов қадрдонӣ карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки "Оши палов" соли 2016 ба Руйхати намояндагии Мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид карда шудааст.
Ин на танҳо эътирофи маҳорати пухтупаз буда,эътирофи вазифаи иҷтимоии он ҳамчун воситаи муттаҳидсозӣ, мизбоннавозӣ ва ҳамкорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.