Сафари пурсамари Раҳмон дар Хуҷанд: корхонаю тарабхона боз кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПредприятие по производству прохладительных напитков ООО "Райан" в Свободной экономической зоне "Сугд".
Предприятие по производству прохладительных напитков ООО Райан в Свободной экономической зоне Сугд. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2026
Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нӯшокиҳои ташнашикан ва тарабхона кушода шуд, ки бо технологияи муосир сохта шуда ва анъанаҳои миллӣ бунёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Рузи сеюми сафари Эмомали Раҳмон ба шимоли Тоҷикистон бо ифтитиоҳи иншооти нав идома дорад.
Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нӯшокиҳои ташнашиканро дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд ва бинои тарабхонаи Форел Платинум дар кӯчаи Сирдарё боз кард.
Ин ду иншоот барои иқтисоди вилоят манбаъи даромад буда дар ҳардуи он 140 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президент.
Дар сохтмони тарабхонаи Форел Платинум масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ва сангҳои мармар истифода шудааст, ки ҷалби сайёҳонро бештар месозад.
Барои истироҳати меҳмонону сайёҳон дар соҳили дарёи Сир қаиқҳо низ фаъоланд, ки бо майлу хоҳиши сайёҳон қаиқронҳо метавонанд барои сайругашти обӣ ба онҳо хизмат намоянд.
Иншооти дигар ин аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Райан кушодани нӯшокиҳои ташнашикан мебошад.
Иқтидори ин корхона 65 тонна маҳсулот дар як шабонарӯзро дар бар гирифта, дар корхона 60 ҷойи корӣ муҳаё гаштааст.
Эмомали Рахмон ввёл в эксплуатацию детский сад Гунчаи Бахор в Шахристанском районе.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2026
Аз мактаб то кӯдакистон: Эмомалӣ Раҳмон иншооати навро дар Суғд боз кард
Тавлиди нӯшокиҳои табобатии алоэ-вера, чойи хунук ва шарбати мева самти асосии фаъолияти корхона буда тақрибан 60 фоизи маҳсулоти корхона барои содирот пешбинӣ шудааст.
Корхона аз ду хатти технологӣ, анбори нигоҳдории маҳсулот ва бинои маъмурӣ иборат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд 29 субъект ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ машғул буда, соли равон аз ин шаҳраки саноатӣ ба 12 давлати дуру наздик маҳсулот содир карда шудааст.
Дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд дар 9 моҳи соли 2026 ба маблағи умумии 485 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 66 миллион сомонӣ зиёд мебошад
Лентаи хабарҳо
0