Амният ва субот дар минтақа: Мулоқоти Раҳмон ва Путин дар Маскав

© Sputnik / Вячеслав Прокофьев / POOL / Гузариш ба медиабонкВстреча президента РФ Владимира Путина и президента Таджикистана Эмомали Рахмона.
Встреча президента РФ Владимира Путина и президента Таджикистана Эмомали Рахмона. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2026
Обуна шудан
Кишвардорони Русия ва Тоҷикистон дар Маскав масъалаи амнияту субот дар минтақа ва дигар ҷанбаҳои ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 12 ноя – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав бо в президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом дод.
Дар оғози суҳбат, кишвардори Тоҷикистон натиҷаҳои раёсати Федератсияи Русия дар СААД-ро баланд арзёбӣ кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти ҶТ.
Дар рафти гуфтугӯи пурмуҳтаво ва созанда, ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди комил баррасӣ карданд.
"Сатҳи баланди муколамаи сиёсӣ бо ишораи хос ба аҳамияти татбиқи пайвастаи мувофиқаҳои дуҷонибаи қаблан бадастомада таъкид гардид. Мубодилаи судманди афкор оид ба таъмини амният ва субот дар минтақа сурат гирифт", - омадааст дар хабарнома.
Кишвардорон ҳамчунин, алоқамандии ҳарду ҷонибро ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуногунҷанба сохтани сохтори гардиши молу маҳсулот тасдиқ кардаанд.
Ҷонибҳо зарфиятҳои фаровони чунин ҳамкориро дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва инфрасохтори нақлиётию логистикӣ ва коммуналӣ таъкид намуданд.
Дар ин мулоқот таъкид ба имкониятҳои нави рушди ҳамкорӣ дар самтҳои рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, хизматрасониҳои электронии давлатӣ ва амнияти киберӣ гардидааст..
Раҳбарони ду давлат, дар бахшҳои гуманитарӣ ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.
Ҳамчунин, кишвардорон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ суҳбат кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0