https://sputnik.tj/20261103/isfara-nerugoh-oftobi-kor-daromad-1081762973.html
Дар Исфара неругоҳи офтобӣ ба кор даромад
Дар Исфара неругоҳи офтобӣ ба кор даромад
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯгоҳи барқи офтобӣ дар деҳаи Шӯроб ҷойгир буда, бо 4700 панели офтобӣ ва инвертори даҳ ришта муҷаҳҳаз аст
2026-11-03T10:51+0500
2026-11-03T10:51+0500
2026-11-03T09:56+0500
дар тоҷикистон
барқ
нерӯгоҳи офтобӣ
исфара
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/02/1081756942_0:111:1449:926_1920x0_80_0_0_db644227d36f20f4047585719ac0c5a3.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя - Sputnik. Дар Исфара як нерӯгоҳи нави барқи офтобӣ ба истифода дода шуд.Иқтидори он 3 МВт аст. Ба гуфтаи ҶСК TGEM, ин иншоот дар деҳаи Шӯроб ҷойгир буда, бо 4700 панели офтобӣ ва инвертори даҳ ришта муҷаҳҳаз аст.Ғайр аз ин, нерӯгоҳ дорои трансформатор ва зеристгоҳи афзоянда, инчунин системаи нигоҳдории энергияи 500 кВт/соат мебошад.Ширкат қайд кард, ки иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ қодир аст, ки то 1000 хонаводаро бо барқ таъмин кунад.Яке аз хусусиятҳои асосии ин иншоот сатҳи баланди автоматикунонии он аст. Он бо системаи муосири идоракунии дурдаст муҷаҳҳаз шудааст, ки имкон медиҳад равандҳои калидии технологӣ ва параметрҳои корӣ бидуни ҳузури доимии кормандони таъмир назорат карда шаванд.Ҳамгироии модулҳои фотоэлектрикӣ, системаҳои нигоҳдории энергия ва идоракунии автоматӣ имкон медиҳад, ки истеҳсоли нерӯи барқ бо назардошти таъминоти маҳаллии барқ истифода шавад.Қаблан бузургтарин нерӯгоҳи офтобӣ дар шимоли Тоҷикистон бо иқтидори 250 мегаватт дар ноҳияи Ашт мавриди истифода қарор гирифт.Бо мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳи офтобии Ашт манбаи истеҳсолии неруи барқ дар вилояти Суғд 61 фоиз зиёд гардид. Ин неругоҳи офтобӣ 40 дарсади талаботи вилояти Суғдро бо неруи барқ таъмин хоҳад кард.Таъкид шудааст, ки роҳандозии ин нерӯгоҳ талаботи нерӯро низ коҳиш медиҳад, зеро қисми асосии неруи барқи вилояти Суғд аз ҷануби кишвар аз масофаи тулонӣ интиқол мешавад.Ин лоиҳаҳо ҳамчун як қисми рушди энергияи сабз ва тақсимоти манбаъҳои тавлид дар саросари кишвар амалӣ карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20260921/sughd-nerugoh-buzurg-oftobi-kor-mintaqa-barq-tamin-1080587879.html
исфара
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/02/1081756942_165:123:1449:1086_1920x0_80_0_0_26f932fda53f5d402f389769c1bd17b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, барқ, нерӯгоҳи офтобӣ, исфара, суғд
дар тоҷикистон, барқ, нерӯгоҳи офтобӣ, исфара, суғд
Дар Исфара неругоҳи офтобӣ ба кор даромад
Нерӯгоҳи барқи офтобӣ дар деҳаи Шӯроб ҷойгир буда, бо 4700 панели офтобӣ ва инвертори даҳ ришта муҷаҳҳаз аст
ДУШАНБЕ, 2 ноя - Sputnik. Дар Исфара як нерӯгоҳи нави барқи офтобӣ ба истифода дода шуд.
Иқтидори он 3 МВт аст. Ба гуфтаи ҶСК TGEM, ин иншоот дар деҳаи Шӯроб ҷойгир буда, бо 4700 панели офтобӣ ва инвертори даҳ ришта муҷаҳҳаз аст.
Ғайр аз ин, нерӯгоҳ дорои трансформатор ва зеристгоҳи афзоянда, инчунин системаи нигоҳдории энергияи 500 кВт/соат мебошад.
Ширкат қайд кард, ки иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ қодир аст, ки то 1000 хонаводаро бо барқ таъмин кунад.
Яке аз хусусиятҳои асосии ин иншоот сатҳи баланди автоматикунонии он аст. Он бо системаи муосири идоракунии дурдаст муҷаҳҳаз шудааст, ки имкон медиҳад равандҳои калидии технологӣ ва параметрҳои корӣ бидуни ҳузури доимии кормандони таъмир назорат карда шаванд.
Ҳамгироии модулҳои фотоэлектрикӣ, системаҳои нигоҳдории энергия ва идоракунии автоматӣ имкон медиҳад, ки истеҳсоли нерӯи барқ бо назардошти таъминоти маҳаллии барқ истифода шавад.
Қаблан бузургтарин нерӯгоҳи офтобӣ дар шимоли Тоҷикистон бо иқтидори 250 мегаватт дар ноҳияи Ашт мавриди истифода қарор гирифт.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳи офтобии Ашт манбаи истеҳсолии неруи барқ дар вилояти Суғд 61 фоиз зиёд гардид. Ин неругоҳи офтобӣ 40 дарсади талаботи вилояти Суғдро бо неруи барқ таъмин хоҳад кард.
Таъкид шудааст, ки роҳандозии ин нерӯгоҳ талаботи нерӯро низ коҳиш медиҳад, зеро қисми асосии неруи барқи вилояти Суғд аз ҷануби кишвар аз масофаи тулонӣ интиқол мешавад.
Ин лоиҳаҳо ҳамчун як қисми рушди энергияи сабз ва тақсимоти манбаъҳои тавлид дар саросари кишвар амалӣ карда мешаванд.