Нахустнамоиши филми "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ" дар Душанбе чӣ гуна гузашт: Видео

Обуна шудан
Нахустнамоиши филми тоҷикӣ-ӯзбекӣ "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ" дар кинотеатри асосии Душанбе баргузор шуд
Филм достони дӯстии Абдураҳмон Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, ду файласуф ва шоири бузургро нақл мекунад.
Рӯйдодҳо байни солҳои 1469 ва 1492 дар шаҳрҳои таърихии Хуросон ва Мовароуннаҳр, аз ҷумла Ҳирот ва Астраобод, сурат мегиранд. Филм бо забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ ба намоиш гузошта шудааст.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар нахустнамоиши филм ширкат кард ва бо коргардон ва яке аз ҳунармандони асосӣ сӯҳбат намуд.
Ба гуфтаи коргардони филм Файзуллоҳ Файз ин филм ба хотири нишон додани беҳтарин намунаи дӯстӣ миёни тоҷикон ва узбекҳо - Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ аст.
"Ба ин хотир буд, ки мо хостем ҳамин саҳифаи таърихро ба мардум дар синамо нишон бидиҳем. Яъне, як гӯшае аз таърихи худамонро зинда карда бошем", - гуфт коргардон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Дар ин филм ҳудуди 80 ҳунарпеша аз Тоҷикистон ва Узбекистон нақшҳои аслӣ ва дигар нақшҳоро ифо кардаанд ва ба ғайр аз филми дуюнимсоата созандагон ният доранд, ки силсилафилми 8-9 қисмиро низ барои намоиш омода созанд.
"Барои ман мутобиқ шудан дар нақши Абдурраҳмони Ҷомӣ мушкил буд. Барои он ки ман фурсати омода шудан надоштам, яъне мисле аз ҳаво мепартоянд, ҳамин хел шуд. Аммо дар ҳар сурат аз баски ман пештар нақши Абулқосим Фирдавсиро иҷро карда будам, ҳамин чиз ба ман кумак кард", - гуфт бозигари нақши асосӣ ҳунарпешаи машҳур Қурбон Содир дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Тасмим барои сохтани филми муштараки таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар соли 2021, ҳангоми сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон, ба Тоҷикистон ва дидори ӯ бо ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон, эълон шуд.
Ду кишвару як таърих: наворгирии "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ" чӣ гуна сурат гирифт
Ин замоне буд, ки ду кишвари ҳамсоя равобити худро ба сатҳи болотаре иртиқо медоданд ва интизор мерафт ин филм низ дар таҳким ва густариши ин равобит нақши худро ифо кунад.
Лентаи хабарҳо
0