https://sputnik.tj/20261117/fayzobod-paykara-bozor-sobir-qomat-afrokht-1082258492.html
Дар Файзобод пайкараи шоири машҳури тоҷик Бозор Собир қомат афрохт
Дар Файзобод пайкараи шоири машҳури тоҷик Бозор Собир қомат афрохт
Sputnik Тоҷикистон
Нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир дар зодгоҳаш - ноҳияи Файзобод гузошта шуд
2026-11-17T14:06+0500
2026-11-17T14:06+0500
2026-11-17T14:29+0500
бозор собир
шоир
фарҳанг
адабиёт
дар тоҷикистон
нимпайкара
тандис
файзобод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101556/93/1015569367_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_0343807aeba9db87499258989318150a.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя -Sputnik. Дар Боғи фарҳангии ноҳияи Файзобод нимпайкараи шоири машҳури тоҷик Бозор Собир қомат афрохт.Дар маросими пардабардорӣ намояндагони мақомоти маҳаллӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва сокинони ноҳия ширкат карданд.Муҷассамаи зебову барқади устод Бозор Собир, ки дар Рӯзи Президент 16 - уми ноябр қомат афрохт, воқеан бошукӯҳу диданист, гуфт Толиби Луқмон, муовини ИНТ.Бояд гуфт, ки соли 2021 дар асоси қарори вакилони халқи ноҳия ва қарори раиси ноҳия Боғи фарҳангии маркази ноҳияи Файзобод низ ба номи шоир Бозор Собир гузошта шуд.Бозор Собир яке аз бузургтарин намояндагони илму адаби тоҷик ба шумор меравад, ки бо сабку услуби хос ба адабиёт ворид шуда, тавонист ҷойгоҳи хоссаеро дар он соҳиб шавад.Шоир дар шеърҳояш мавзуъҳои дӯст доштани Ватану миллат, хизмати содиқона ба он, худшиносӣ, пос доштани забони модарӣ, арзишҳои миллӣ ва шинохти миллатро инъикос менамуд.Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кард.Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи "Маориф ва маданият", маҷаллаи "Садои Шарқ", ҳафтаномаи "Адолат" фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст.Ӯ дар солҳои 70 ва 80 асри гузашта дар саргаҳи ҷунбиши бедории мардуми тоҷик қарор дошт. Вай бо шеърҳое, чун "Забони модарӣ", "Девори Бухоро", "Ватан" ва "Тоҷикистон" дар радифи Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.Бозор Собир 1 майи соли 2018 дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охири умраш он ҷо табобат мегирифт, аз олам даргузашт.Ҷасади шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир ба Тоҷикистон оварда шуд ва пас аз ҷаноза дар оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супорида шуд.Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро аз зумраи шоирони ватансаро гуфтааст, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст."Тамоми эҷодиёти Бозор Собир, бахусус ашъори замони соҳибистиқлолияш аз эҳсоси гарми ватандорию худшиносии миллӣ саршор аст. Ёди ӯ, сухани волову нотакрори шоири халқ - Бозор Собир то абад дар ёди мардум боқӣ хоҳад монд", — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
https://sputnik.tj/20260922/timur-zulfiqorov-barandai-joizai-wow-1080621678.html
файзобод
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101556/93/1015569367_176:0:1600:1068_1920x0_80_0_0_dfbf6c233b26345123b77f57c83e29fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозор собир, шоир, фарҳанг, адабиёт, дар тоҷикистон, нимпайкара, тандис, файзобод
бозор собир, шоир, фарҳанг, адабиёт, дар тоҷикистон, нимпайкара, тандис, файзобод
Дар Файзобод пайкараи шоири машҳури тоҷик Бозор Собир қомат афрохт
14:06 17.11.2026 (Навсозишуда: 14:29 17.11.2026) Пайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир дар зодгоҳаш - ноҳияи Файзобод гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 17 ноя -Sputnik. Дар Боғи фарҳангии ноҳияи Файзобод нимпайкараи шоири машҳури тоҷик Бозор Собир қомат афрохт.
Дар маросими пардабардорӣ намояндагони мақомоти маҳаллӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва сокинони ноҳия ширкат карданд.
Муҷассамаи зебову барқади устод Бозор Собир, ки дар Рӯзи Президент 16 - уми ноябр қомат афрохт, воқеан бошукӯҳу диданист, гуфт Толиби Луқмон, муовини ИНТ.
Бояд гуфт, ки соли 2021 дар асоси қарори вакилони халқи ноҳия ва қарори раиси ноҳия Боғи фарҳангии маркази ноҳияи Файзобод низ ба номи шоир Бозор Собир гузошта шуд.
Бозор Собир яке аз бузургтарин намояндагони илму адаби тоҷик ба шумор меравад, ки бо сабку услуби хос ба адабиёт ворид шуда, тавонист ҷойгоҳи хоссаеро дар он соҳиб шавад.
Шоир дар шеърҳояш мавзуъҳои дӯст доштани Ватану миллат, хизмати содиқона ба он, худшиносӣ, пос доштани забони модарӣ, арзишҳои миллӣ ва шинохти миллатро инъикос менамуд.
Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.
Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кард.
Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи "Маориф ва маданият", маҷаллаи "Садои Шарқ", ҳафтаномаи "Адолат" фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст.
Ӯ дар солҳои 70 ва 80 асри гузашта дар саргаҳи ҷунбиши бедории мардуми тоҷик қарор дошт. Вай бо шеърҳое, чун "Забони модарӣ", "Девори Бухоро", "Ватан" ва "Тоҷикистон" дар радифи Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.
Бозор Собир 1 майи соли 2018 дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охири умраш он ҷо табобат мегирифт, аз олам даргузашт.
Ҷасади шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир ба Тоҷикистон оварда шуд ва пас аз ҷаноза дар оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супорида шуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро аз зумраи шоирони ватансаро гуфтааст, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст.
"Тамоми эҷодиёти Бозор Собир, бахусус ашъори замони соҳибистиқлолияш аз эҳсоси гарми ватандорию худшиносии миллӣ саршор аст. Ёди ӯ, сухани волову нотакрори шоири халқ - Бозор Собир то абад дар ёди мардум боқӣ хоҳад монд", — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.