https://sputnik.tj/20260922/timur-zulfiqorov-barandai-joizai-wow-1080621678.html
Тимур Зулфиқоров барандаи Ҷоизаи ҷаҳонии WOW шуд
Тимур Зулфиқоров барандаи Ҷоизаи ҷаҳонии WOW шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар баробари шоир ва нависандаи тоҷик, ходимони фарҳангӣ аз Русия, Нигерия, Чин ва Колумбия низ қадрдонӣ шудаанд
2026-09-22T14:39+0500
2026-09-22T14:39+0500
2026-09-22T14:39+0500
tajikistan style
фарҳанг
адабиёт
дар тоҷикистон
ҷоиза
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103041/71/1030417168_0:158:3000:1846_1920x0_80_0_0_333bd6b8db8de551195d974e36f1ce1f.jpg
ДУШАНБЕ, 22 авг - Sputnik. Тимур Зулфиқоров барандаи Ҷоизаи ҷаҳонии адабии WOW эълон шуд.Ин шоир ва нависандаи тоҷик, ки бештар ба забони русӣ эъҷод мекунад, барои сащми бузургаш дар адабиёти ҷаҳонӣ ба ин ҷоиза сарфароз гардидааст.Ӯ яке аз шаш нафарест, ки соли 2026 ба ин ҷоиза сазовор дониста шудаанд, хабар медиҳад The Silk Road Today.Илова бар ӯ, созмони мазкур ходимони фарҳангиро аз Русия, Нигерия, Чин ва Колумбия низ қадрдонӣ кардааст.Бояд гуфт, пештар президенти Русия Владимир Путин нависанда, шоир ва драматурги тоҷик Тимур Зулфиқоровро бо 90-солагиаш табрик гуфт.Дар паёми табрикотии худ раҳбари Русия қайд кард, ки нависанда марди дорои рӯҳияи бузург ва истеъдоди саховатманд аст, ки бо эҷодиёти худ зодгоҳаш Тоҷикистонро шуҳрат бахшида, дар таблиғи забони русӣ ва арзишҳои инсондӯстии воқеӣ дар саросари ҷаҳон саҳми созанда гузоштааст.Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ аввал (солҳои 1956—1958) дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи адабии Ленинград хонда, баъдан таҳсилро дар Донишкадаи адабии ба номи Горкийи шаҳри Москва идома дода, соли 1961 онро хатм кард.Темур Зулфиқоров бо асари "Достони марги Амир Темур" (1971) ба адабиёт ворид шуд. Муаллифи беш аз 30 асари манзуму мансур аст, ки адади нашри онҳо беш аз як миллион нусха баршумурда шудааст. Романҳои Темур Зулфиқоров дар бораи Хоҷа Насриддин, Умари Хайём, Иван Грозний ва дигарон ӯро шуҳратманд кардаанд. Аз ҷумла, асари ӯ "Сафари заминӣ ва осмонии шоир" унвони "Беҳтарин романи Аврупо-93" ва ҷоизаи "Колетс"-и Британияро дарёфт кард.Асари "Тамсилҳои тиллоии Хоҷа Насриддин"-и Темур Зулфиқоров соли 2004 ҳамчун "асари ҳунарии барҷастаи адабиёти рус" сазовори ҷоизаи адабии "Ясная Поляна" ва асари дигари ӯ — "Афъимори марҷонӣ" соҳиби унвони "Китоби беҳтарини сол" (2005) шуда, барои беҳтарин филмнома соли 1991 сазовори ҷоизаи "Ҳортли-Меррилл" (Ҳолливуд) гардид.
https://sputnik.tj/20260818/putin-shoiri-tojik-timur-zulfiqorov-zodruzash-tabrik-kard-1079748210.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103041/71/1030417168_165:0:2836:2003_1920x0_80_0_0_a77754f6e981acc90a481d886718e4db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
tajikistan style, фарҳанг, адабиёт, дар тоҷикистон, ҷоиза, дар ҷаҳон
tajikistan style, фарҳанг, адабиёт, дар тоҷикистон, ҷоиза, дар ҷаҳон
Тимур Зулфиқоров барандаи Ҷоизаи ҷаҳонии WOW шуд
Дар баробари шоир ва нависандаи тоҷик, ходимони фарҳангӣ аз Русия, Нигерия, Чин ва Колумбия низ қадрдонӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 22 авг - Sputnik. Тимур Зулфиқоров барандаи Ҷоизаи ҷаҳонии адабии WOW эълон шуд.
Ин шоир ва нависандаи тоҷик, ки бештар ба забони русӣ эъҷод мекунад, барои сащми бузургаш дар адабиёти ҷаҳонӣ ба ин ҷоиза сарфароз гардидааст.
Ӯ яке аз шаш нафарест, ки соли 2026 ба ин ҷоиза сазовор дониста шудаанд, хабар медиҳад The Silk Road Today.
Илова бар ӯ, созмони мазкур ходимони фарҳангиро аз Русия, Нигерия, Чин ва Колумбия низ қадрдонӣ кардааст.
Бояд гуфт, пештар президенти Русия Владимир Путин нависанда, шоир ва драматурги тоҷик Тимур Зулфиқоровро бо 90-солагиаш табрик гуфт.
Дар паёми табрикотии худ раҳбари Русия қайд кард, ки нависанда марди дорои рӯҳияи бузург ва истеъдоди саховатманд аст, ки бо эҷодиёти худ зодгоҳаш Тоҷикистонро шуҳрат бахшида, дар таблиғи забони русӣ ва арзишҳои инсондӯстии воқеӣ дар саросари ҷаҳон саҳми созанда гузоштааст.
Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ аввал (солҳои 1956—1958) дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи адабии Ленинград хонда, баъдан таҳсилро дар Донишкадаи адабии ба номи Горкийи шаҳри Москва идома дода, соли 1961 онро хатм кард.
Темур Зулфиқоров бо асари "Достони марги Амир Темур" (1971) ба адабиёт ворид шуд. Муаллифи беш аз 30 асари манзуму мансур аст, ки адади нашри онҳо беш аз як миллион нусха баршумурда шудааст. Романҳои Темур Зулфиқоров дар бораи Хоҷа Насриддин, Умари Хайём, Иван Грозний ва дигарон ӯро шуҳратманд кардаанд. Аз ҷумла, асари ӯ "Сафари заминӣ ва осмонии шоир" унвони "Беҳтарин романи Аврупо-93" ва ҷоизаи "Колетс"-и Британияро дарёфт кард.
Асари "Тамсилҳои тиллоии Хоҷа Насриддин"-и Темур Зулфиқоров соли 2004 ҳамчун "асари ҳунарии барҷастаи адабиёти рус" сазовори ҷоизаи адабии "Ясная Поляна" ва асари дигари ӯ — "Афъимори марҷонӣ" соҳиби унвони "Китоби беҳтарини сол" (2005) шуда, барои беҳтарин филмнома соли 1991 сазовори ҷоизаи "Ҳортли-Меррилл" (Ҳолливуд) гардид.