https://sputnik.tj/20260926/muhriddin-smm-taghyiryobii-iqlim-obshavii-piryakhho-tavajjuh-1080727688.html
Муҳриддин дар СММ: Ба масоили тағйирёбии иқлиму обшавии пиряхҳо таваҷҷуҳи бештар диҳед
Муҳриддин дар СММ: Ба масоили тағйирёбии иқлиму обшавии пиряхҳо таваҷҷуҳи бештар диҳед
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ, дар чорабинии сатҳи баланд аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки ба масъалаи таӯйирёбии иқлим таваҷҷуҳи хос зоҳир кунанд
2026-09-26T13:41+0500
2026-09-26T13:41+0500
2026-09-26T13:41+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
смм
сироҷиддин муҳриддин
пирях
муҳити зист
гармшавии иқлим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/19/1080706326_0:63:1200:738_1920x0_80_0_0_dd5d0d58bd403983e898f897b7765f03.jpg
ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Дар ҷаласаи сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ, ки дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар бораи аҳаммияти таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди инфрасохтор ва пайвастагии нақлиётиро барои рушди устувори кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ таъкид кард.Ҳамчунин вазири кишвар ба таъсири тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва мушкилоти обу энергетика таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зарурати ҷалби маблағгузории бештарро дар ин самт муҳим арзёбӣ кард.Ҳамчунин дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) иштирок кард.Зимни суханрониаш Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистонро дар иртибот ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, таҳкими ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ва ҳалли масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак ифода намуд.Аз ҷумла дар ин ҷаласа, масъалаҳои марбут ба муҳити зист ва ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, ба хусус ташаббусҳои Тоҷикистон дар ин росто таъкид шуданд.Ҳамзамон зимни нишаст масъалаҳои таҳкими ҳамбастагӣ ва ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, ҳифзи сулҳу субот, рушди ҳамкории иқтисодию гуманитарӣ ва дигар мавзуоти муҳими байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.Қайд карда шудааст, ки дар ин нишаст ташаббуси нави Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда барои солҳои 2027–2036 ва қатъномаи дахлдори Созмони Милали Муттаҳид дар ин маврид таъкид шуд.
https://sputnik.tj/20250527/tasisi-ozmoishgoh-sanjish-piryakh-ob-tojikiston-1067481249.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/19/1080706326_67:0:1134:800_1920x0_80_0_0_bd90e0e76dbb624359d626e590f3deae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , смм, сироҷиддин муҳриддин, пирях, муҳити зист, гармшавии иқлим
дар тоҷикистон, сиёсат , смм, сироҷиддин муҳриддин, пирях, муҳити зист, гармшавии иқлим
Муҳриддин дар СММ: Ба масоили тағйирёбии иқлиму обшавии пиряхҳо таваҷҷуҳи бештар диҳед
Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ, дар чорабинии сатҳи баланд аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки ба масъалаи таӯйирёбии иқлим таваҷҷуҳи хос зоҳир кунанд
ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Дар ҷаласаи сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ, ки дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар бораи аҳаммияти таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди инфрасохтор ва пайвастагии нақлиётиро барои рушди устувори кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ таъкид кард.
Ҳамчунин вазири кишвар ба таъсири тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва мушкилоти обу энергетика таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зарурати ҷалби маблағгузории бештарро дар ин самт муҳим арзёбӣ кард.
Ҳамчунин дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) иштирок кард.
Зимни суханрониаш Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистонро дар иртибот ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, таҳкими ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ва ҳалли масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак ифода намуд.
Аз ҷумла дар ин ҷаласа, масъалаҳои марбут ба муҳити зист ва ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, ба хусус ташаббусҳои Тоҷикистон дар ин росто таъкид шуданд.
Ҳамзамон зимни нишаст масъалаҳои таҳкими ҳамбастагӣ ва ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, ҳифзи сулҳу субот, рушди ҳамкории иқтисодию гуманитарӣ ва дигар мавзуоти муҳими байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Қайд карда шудааст, ки дар ин нишаст ташаббуси нави Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда барои солҳои 2027–2036 ва қатъномаи дахлдори Созмони Милали Муттаҳид дар ин маврид таъкид шуд.