https://sputnik.tj/20261015/voridoti-mahsuloti-nafti-tojikiston-afzoish-1081232235.html
Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст
Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Ҷумҳурӣ хариди маҳсулоти нафтиро аз ҳашт кишвари дигар ба роҳ монда, ҳаҷми воридотро аз таъминкунандагони асосӣ афзоиш додааст
2026-10-15T16:41+0500
2026-10-15T16:41+0500
2026-10-15T16:41+0500
дар тоҷикистон
нафт
сӯзишворӣ
воридот
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/01/1061517979_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_36e03691d443871ec503d7836f099534.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт - Sputnik. Тоҷикистон дар буҳбуҳаи буҳрони ҷаҳонии энергия, аз кишварҳои хориҷии ҷадид фаровардаҳои нафтӣ ворид карда, харидориро аз таъминкунандагони асосӣ афзоиш додааст.Бар асоси додаҳои гумрукӣ, ки дар ихтиёри Спутник Тоҷикистон қарор гирифтааст, аз моҳи январ то сентябри соли 2026, ҳашт таъминкунандаи хориҷии ҷадид зоҳир шудаанд, ки дар ҷадвали ҳамин давраи соли 2025 ҳузур надоштандБино бар маълумоти расмӣ, Тоҷикистон аз Ироқ 5,87 тон, Ҷумҳурии Озарбойҷон 1, 56 тон фаровардаи нафтӣ ворид кардааст. Ҳамчунин аз Булғористон 217,9 тон, Руминия 129,6 тон, Арабистони Саудӣ 78,3 тон маҳслот ворид шудааст.Дар байни манбаъҳои нав Панама бо воридоти 17,2 тон, Самоаи Шарқии Амрико 7,9 тон ва Афғонистон 0,6 тон низ қарор доранд. Ҳаҷми маҷмӯи воридот аз ин мабодӣ 7, 89 тон ба арзиши 8,6 миллион доллар буд; мутавассити арзиши ҳар тон ҳудуди 1 ҳазор доллар аст.Ин кишварҳо дар чорчӯби муқоисаи ду ҷадвал, масирҳои ҷадиди таъмин ба шумор мераванд. Бо ин ҳол, аз ин додаҳо наметавон мушаххас кард, ки воридот аз онҳо барои нахустин бор дар таърих сурат гирифта аст ё на.Кишварҳои аслии ҷадид, Ироқ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳастанд. Ин ду дар маҷмӯъ 94,3 дарсади ҳаҷм ва 91,4 дарсади арзиши воридот аз гурӯҳи ҷадиди таъминкунандагонро ташкил доданд. Ироқ дар миёни ҳамаи таъминкунандагон, аз назари ҳаҷм ҷойгоҳи ҳафтум ва аз назари арзиш ҷойгоҳи ҳаштумро гирифт. Мутавассити арзиши ҳар тон маҳсулоти воридшуда аз Ироқ, яъне 980 доллар, ба миёнгини умумии 937 доллар наздик аст.Ҳаҷми воридот аз дигар мабодии ҷадид дар ҳоли ҳозир андак аст. Булғористон ва Руминия дар маҷмӯъ 347,5 тон фаровардаи нафтӣ таъмин карданд. Воридот аз Афғонистон фақат 555 килограмм будааст.Таъминкунандагони ҷадид ҳанӯз таъсири маҳдуде бар вобастагии куллии воридот доранд. Саҳми ин ҳашт кишвар фақат 0,86 дарсади ҳаҷм ва 1,00 дарсади арзиши кулли воридот аст.Тағйироти аслӣ дар тавзеи харидҳо ба Туркманистон ва Ӯзбекистон марбут аст, ки дар соли 2025 низ дар феҳристи таъминкунандагон буданд.Дар ҳамин ҳол Ҳонконг, Ҷумҳурии Чех, Нигер ва Швейтсария дар ҷадвали соли 2026 дида намешаванд. Маҷмӯи воридот аз онҳо дар соли 2025 фақат 74,5 тон ба арзиши 120,2 ҳазор доллар буд. Набудани ин радифҳо ба маънои сабт нашудани воридот аз онҳо дар давраи мавриди баррасӣ аст, аммо ба худии худ поёни қатъии ин масирҳои таъминро нишон намедиҳад.Дар миёни кишварҳое, ки дар ҳар ду ҷадвал ҳузур доранд, таъминкунандагони зер аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки ҳаҷми воридоти фаровардаҳои нафтии Тоҷикистон аз онҳо афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла воридот аз Туркманистон — 100 160,4 тон, ки 608,3%зиёдтар аст, Ӯзбекистон — 35 73 тон , ё +74,2% бештар, Эрон — 15 61 тон ё 355,9% зиёдтар ташкил додааст.Аз Қирғизистон 10, 21 ҳазор тон (+108,2%), Чин — 3, 29 ҳазор тон (+69,8%) ва Олмон — 1 268,3 тон (+16,8%) маҳсулот ворид шудааст.Латвия содироти худро ба ҷумҳурӣ то 192,2 тонна, ки 863% афзоиш додаст. Литва 181,9 тонна, ё 78,5% зиёдтар ва Ҷопон 354 тонна ё 129,9% зиёдтар маҳсулот ворид кардаанд. Нидерландия интиқоли худро то 374,2 тонна, ё 68,1% зиёд ва Сингапур 88,2 тонна, ё 37% бештар афзоиш доданд.Аз ин додаҳо бармеояд, ки бештарин афзоиши ҳаҷмро Туркманистон бо 86 ҳазор тон, Ӯзбекистон бо 15,2 ҳазор тон, Эрон бо 12,2 ҳазор тон ва Қирғизистон бо 5,3 ҳазор тон рақам заданд.
https://sputnik.tj/20260925/avvalin-qatorahoi-naft-eron-voridi-tojikiston-1080698137.html
https://sputnik.tj/20261008/rahmon-sokhtmon-korkhonai-poloishi-naft-osiyoi-markazi-zarur-1081050112.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/01/1061517979_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_dba38c12e1b1ea2507a7f48ba015cc57.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нафт, сӯзишворӣ, воридот, иқтисод
дар тоҷикистон, нафт, сӯзишворӣ, воридот, иқтисод
Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст
Ҷумҳурӣ хариди маҳсулоти нафтиро аз ҳашт кишвари дигар ба роҳ монда, ҳаҷми воридотро аз таъминкунандагони асосӣ афзоиш додааст
ДУШАНБЕ, 15 окт - Sputnik. Тоҷикистон дар буҳбуҳаи буҳрони ҷаҳонии энергия, аз кишварҳои хориҷии ҷадид фаровардаҳои нафтӣ ворид карда, харидориро аз таъминкунандагони асосӣ афзоиш додааст.
Бар асоси додаҳои гумрукӣ, ки дар ихтиёри Спутник Тоҷикистон қарор гирифтааст, аз моҳи январ то сентябри соли 2026, ҳашт таъминкунандаи хориҷии ҷадид зоҳир шудаанд, ки дар ҷадвали ҳамин давраи соли 2025 ҳузур надоштанд
Бино бар маълумоти расмӣ, Тоҷикистон аз Ироқ 5,87 тон, Ҷумҳурии Озарбойҷон 1, 56 тон фаровардаи нафтӣ ворид кардааст. Ҳамчунин аз Булғористон 217,9 тон, Руминия 129,6 тон, Арабистони Саудӣ 78,3 тон маҳслот ворид шудааст.
Дар байни манбаъҳои нав Панама бо воридоти 17,2 тон, Самоаи Шарқии Амрико 7,9 тон ва Афғонистон 0,6 тон низ қарор доранд. Ҳаҷми маҷмӯи воридот аз ин мабодӣ 7, 89 тон ба арзиши 8,6 миллион доллар буд; мутавассити арзиши ҳар тон ҳудуди 1 ҳазор доллар аст.
Ин кишварҳо дар чорчӯби муқоисаи ду ҷадвал, масирҳои ҷадиди таъмин ба шумор мераванд. Бо ин ҳол, аз ин додаҳо наметавон мушаххас кард, ки воридот аз онҳо барои нахустин бор дар таърих сурат гирифта аст ё на.
Кишварҳои аслии ҷадид, Ироқ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳастанд. Ин ду дар маҷмӯъ 94,3 дарсади ҳаҷм ва 91,4 дарсади арзиши воридот аз гурӯҳи ҷадиди таъминкунандагонро ташкил доданд. Ироқ дар миёни ҳамаи таъминкунандагон, аз назари ҳаҷм ҷойгоҳи ҳафтум ва аз назари арзиш ҷойгоҳи ҳаштумро гирифт. Мутавассити арзиши ҳар тон маҳсулоти воридшуда аз Ироқ, яъне 980 доллар, ба миёнгини умумии 937 доллар наздик аст.
Ҳаҷми воридот аз дигар мабодии ҷадид дар ҳоли ҳозир андак аст. Булғористон ва Руминия дар маҷмӯъ 347,5 тон фаровардаи нафтӣ таъмин карданд. Воридот аз Афғонистон фақат 555 килограмм будааст.
Таъминкунандагони ҷадид ҳанӯз таъсири маҳдуде бар вобастагии куллии воридот доранд. Саҳми ин ҳашт кишвар фақат 0,86 дарсади ҳаҷм ва 1,00 дарсади арзиши кулли воридот аст.
Тағйироти аслӣ дар тавзеи харидҳо ба Туркманистон ва Ӯзбекистон марбут аст, ки дар соли 2025 низ дар феҳристи таъминкунандагон буданд.
Дар ҳамин ҳол Ҳонконг, Ҷумҳурии Чех, Нигер ва Швейтсария дар ҷадвали соли 2026 дида намешаванд. Маҷмӯи воридот аз онҳо дар соли 2025 фақат 74,5 тон ба арзиши 120,2 ҳазор доллар буд. Набудани ин радифҳо ба маънои сабт нашудани воридот аз онҳо дар давраи мавриди баррасӣ аст, аммо ба худии худ поёни қатъии ин масирҳои таъминро нишон намедиҳад.
Дар миёни кишварҳое, ки дар ҳар ду ҷадвал ҳузур доранд, таъминкунандагони зер аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки ҳаҷми воридоти фаровардаҳои нафтии Тоҷикистон аз онҳо афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла воридот аз Туркманистон — 100 160,4 тон, ки 608,3%зиёдтар аст, Ӯзбекистон — 35 73 тон , ё +74,2% бештар, Эрон — 15 61 тон ё 355,9% зиёдтар ташкил додааст.
Аз Қирғизистон 10, 21 ҳазор тон (+108,2%), Чин — 3, 29 ҳазор тон (+69,8%) ва Олмон — 1 268,3 тон (+16,8%) маҳсулот ворид шудааст.
Латвия содироти худро ба ҷумҳурӣ то 192,2 тонна, ки 863% афзоиш додаст. Литва 181,9 тонна, ё 78,5% зиёдтар ва Ҷопон 354 тонна ё 129,9% зиёдтар маҳсулот ворид кардаанд. Нидерландия интиқоли худро то 374,2 тонна, ё 68,1% зиёд ва Сингапур 88,2 тонна, ё 37% бештар афзоиш доданд.
Аз ин додаҳо бармеояд, ки бештарин афзоиши ҳаҷмро Туркманистон бо 86 ҳазор тон, Ӯзбекистон бо 15,2 ҳазор тон, Эрон бо 12,2 ҳазор тон ва Қирғизистон бо 5,3 ҳазор тон рақам заданд.