Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон пеш аз муҳлат иҷро шуд

© SputnikРоссийско-таджикские учения, архивное фото
Российско-таджикские учения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2026
Обуна шудан
Маъракаи даъват ба хизмати аз 1 октябр то 30 ноябр идома меёбад ва имсол ҳамаи минтақаҳои кишвар нақшаи ҷалби сарбозонро 100% пеш аз мӯҳлат иҷро кардаанд
ДУШАНБЕ, 16 ноя - Sputnik. Дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки авоили моҳи октябр оғоз гардид, пурра иҷро шуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати дифоъи Тоҷикистон гузориш додааст.

"Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999 - 2008 - и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат пурра иҷро шуд",- афзуд манбаъ.

Таъкид шудааст, ки иҷроиши саривақтии даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ҳисси баланди ватандўстӣ, масъулиятшиносӣ, иродаи қавӣ ва садоқати онҳоро ба Ватан нишон медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки дар нахустин рӯзи даъват, аввалин шуда шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро пурра иҷро намуданд.
Дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, чаҳор навоҳии пойтахт низ яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд.
Министр обороны Республики Таджикистан Эмомали Собирзода.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2026
Шароити хубтару пешгирии қонуншиканӣ: дастури вазири дифоъ барои беҳбуди хидмат дар артиш
Вазорат афзуда, ки дар ин самт масъулини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ иҷрои нақшаи даъватро пеш аз муҳлат амалӣ намуданд.
Ҳамзамон, масъулини вобастагардидаи даъват дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ саривақт ин маъракаи муҳими сиёсиро ба анҷом расониданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим ҷараён мегирад.
Аз ҷумла, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи артиши миллӣ аз 1 апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май идома меёбад. Даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба поён мерасад.
Лентаи хабарҳо
0