Шароити хубтару пешгирии қонуншиканӣ: дастури вазири дифоъ барои беҳбуди хидмат дар артиш

© Foto / Вазорати дифои ТоҷикистонҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ МАМЛАКАТ
ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ МАМЛАКАТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2026
Обуна шудан
Дар ҷасала таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии ҳайати шахсӣ, таъмини солимии хизматчиёни ҳарбӣ баррасӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ба масъулияти ҳар як иштирикчии ҷаласа дар таъмини сатҳи баланди омодагии хизматӣ,
Вазири дифои Тоҷикистон ба тобеинаш дастур додааст, ки таҳкими интизом ва қонуният дар артиш пурзӯр, қонуншиканиҳо пешгирӣ ва шароити хизмат беҳтар карда шавад.
Дар ин бора генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ, зимни маҷлиси ғайринавбатии ҳайати мушовараи ниҳоди зертобеяш изҳор доштааст.
Ба гузориши дафтари матбуоти вазорат, ҳамчунин дар ҷасала таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии ҳайати шахсӣ, таъмини солимии хизматчиёни ҳарбӣ баррасӣ шуд.
Почетный караул в Таджикистане. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2026
Дар Душанбе гузашти низомӣ доир мешавад
Дар ҷаласа атрофи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 ва тадбирҳои марбут ба таҷлили сазовори 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии низ гуфтугӯ шудааст.
Таъкид мешавад, ки ба масъалаи омодагии ҳамаҷониба ба баргузории Паради ҳарбӣ дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе, инчунин марказҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Қаблан вазорат хабар дода буд, ки дар бораи баргузории Парадаи ҳарбӣ дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супориш додааст.
Роҳбарият ба масъулони ин ниҳод ҷиҳати боз ҳам дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани тамринҳои омодагӣ ба Паради ҳарбӣ дастуру супоришҳои мушаххас гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0