Тоҷикистон дар соли 2027 нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодиро афзоиш медиҳад

© Unsplash / Joshua BowersСолнечные панели на крыше жилого дома.
Солнечные панели на крыше жилого дома. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2026
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон барномаи вижаи сохтмони нерӯгоҳҳои офтобӣ амал мекунад ва он дар соли оянда низ татбиқ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 14 ноябр — Sputnik. То охири соли 2027 дар Тоҷикистон сохтмони боз 1000 мегаватт иқтидори нави фотоэлектрикӣ дар назар аст.
Дар ин бора, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар назди вакилон гузориш дод.
Ӯ гуфт, айни замон дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун бунёди ду неругоҳи бузурги офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт идома дорад.
"Дар самти диверсификатсияи манбаъҳои истеҳсоли энергия рушди энергетикаи офтобӣ ва бодӣ низ муҳим аст. То охири соли 2027 сохтмони боз 1000 мегаватт иқтидори нави фотоэлектрикӣ дар назар аст", - гузориш дод вазир.
Вазир, ҳамчунин масъалаи коҳиш додани талафоти неруи барқро баррасӣ намудааст.
Бино ба гузориши вазир, давоми нуҳ моҳи соли 2026 талафоти неруи барқ дар низоми энергетикӣ 12,5% -ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 банди фоизӣ кам гардидааст.
Дар ин самт татбиқи лоиҳаҳои насби ҳисобкунакҳои зеҳнӣ, такмили низоми баҳисобгирӣ ва таҷдиди шабакаҳои барқӣ идома дорад, афзуд вазир.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати энергетика дар ҳамкорӣ бо ширкати "Системавтоматика" ва Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар" тарҳҳои намунавии неругоҳҳои барқи офтобиро барои хонаҳои истиқоматӣ таҳия намудааст.
Солнечная электростанция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2026
Панелҳои офтобӣ ва чароғҳои LED: Тавсияҳои Вазорат барои сарфаи қувваи барқ
Таррҳо вобаста ба иқтидори таҷҳизот ва хусусиятҳои макон таҳияи шуда се варианти ҷойгиркунии панелҳои офтобиро пешниҳод мекунанд.
Ҳамчунин барои дастгирии соҳа, воридоти панелҳои офтобӣ то соли 2031 аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод карда шудааст. Инчунин, биноҳое, ки панелҳои офтобӣ бо иқтидори на камтар аз 0,1 МВт доранд, барои 5 сол аз андози моликияти ғайриманқул озод мешаванд.
Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 280–330 рӯзи офтобӣ дар сол дорад, ки барои истеҳсоли қувваи барқи офтобӣ шароити бениҳоят мусоид фароҳам меорад.
Лентаи хабарҳо
0