https://sputnik.tj/20261114/shohin-airlines-parvoz-dokhili-afzoish-1082170488.html
Ҳаво софу беғубор: Shohin Airlines парвозҳои дохилиро афзоиш медиҳад
Ҳаво софу беғубор: Shohin Airlines парвозҳои дохилиро афзоиш медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Ин иқдом, сафарҳои ҳавоиро дар дохили Тоҷикистон васеъ ва робитаи байни минтақаҳои кишварро тақвият медиҳад
2026-11-14T13:36+0500
2026-11-14T13:36+0500
2026-11-14T13:36+0500
парвоз
дар тоҷикистон
шаҳр
хоруғ
бохтар
хатлон
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/1c/1080772705_0:158:2048:1310_1920x0_80_0_0_37d3ef9580f74bb7bd54048fac2a137d.jpg
ДУШАНБЕ, 14 ноябр — Sputnik. Ширкати тозатаъсиси ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои дохилиро дар Тоҷикистон бештар мекунад.Дар ин бора, хадамоти матбуотии ширкати ҳавоӣ гузориш додааст.Гуфта мешавад, ки ширкати ҳавопаймоӣ барои анҷом додани парвозҳои мунтазам аз Душанбе ба Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб омода аст."Парвозҳо бо ҳавопаймои муосири L-410 NG, ки то 19 мусофирро интиқол медиҳад, анҷом дода мешавад", - омадааст дар хабарнома.Ин иқдом, сафарҳои ҳавоиро дар дохили Тоҷикистон васеъ ва робитаи байни минтақаҳои кишварро тақвият медиҳад.Парвозҳо вобаста ба шароити обу ҳаво анҷом дода мешаванд, афзудааст манбаъ.Shohin Airlines - як ширкати хусусии ҳавопаймоӣ аст, ки дар Тоҷикистон сабти ном шудааст ва ба рушди авиатсияи шаҳрвандии дохилӣ, густариши ҳамлу нақли ҳавоӣ дар Осиёи Марказӣ ва дигар самтҳои байналмилалӣ тамаркуз мекунад.Ин ширкат ба наздикӣ ҳавопаймои L410 NG-ро бо номи "Badakhshon" ба флоти худ илова кард.Ин ҳавопаймо барои парвозҳои минтақавӣ тарҳрезӣ шудааст ва дорои паймонкорӣ, функсионалӣ ва иҷрои зарурӣ барои парвозҳои кӯтоҳмуддат мебошад.
https://sputnik.tj/20260419/shirkati-havoii-shohin-airlines-airbus-havopaymo-1076934878.html
хоруғ
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/1c/1080772705_110:0:1930:1365_1920x0_80_0_0_9807e8cbb87b0c6767cae58c3573bccf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парвоз, дар тоҷикистон, шаҳр, хоруғ, бохтар, хатлон, вмкб
парвоз, дар тоҷикистон, шаҳр, хоруғ, бохтар, хатлон, вмкб
Ҳаво софу беғубор: Shohin Airlines парвозҳои дохилиро афзоиш медиҳад
Ин иқдом, сафарҳои ҳавоиро дар дохили Тоҷикистон васеъ ва робитаи байни минтақаҳои кишварро тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 14 ноябр — Sputnik. Ширкати тозатаъсиси ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои дохилиро дар Тоҷикистон бештар мекунад.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии ширкати ҳавоӣ гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки ширкати ҳавопаймоӣ барои анҷом додани парвозҳои мунтазам аз Душанбе ба Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб омода аст.
"Парвозҳо бо ҳавопаймои муосири L-410 NG, ки то 19 мусофирро интиқол медиҳад, анҷом дода мешавад", - омадааст дар хабарнома.
Ин иқдом, сафарҳои ҳавоиро дар дохили Тоҷикистон васеъ ва робитаи байни минтақаҳои кишварро тақвият медиҳад.
"Мо мехоҳем сафар байни шаҳрҳои Тоҷикистонро осонтар, тезтар ва бароҳаттар кунем. Мо мехоҳем, ки сафарҳои корӣ зудтар бошанд, сайёҳон тавонанд гӯшаҳои нави кишвари моро кашф кунанд ва сокинони минтақаҳо имкониятҳои бештари сафар дошта бошанд", - гуфт, директори генералии ширкати ҳавопаймоӣ Зафар Аҳмадзода.
Парвозҳо вобаста ба шароити обу ҳаво анҷом дода мешаванд, афзудааст манбаъ.
Shohin Airlines - як ширкати хусусии ҳавопаймоӣ аст, ки дар Тоҷикистон сабти ном шудааст ва ба рушди авиатсияи шаҳрвандии дохилӣ, густариши ҳамлу нақли ҳавоӣ дар Осиёи Марказӣ ва дигар самтҳои байналмилалӣ тамаркуз мекунад.
Ин ширкат ба наздикӣ ҳавопаймои L410 NG-ро бо номи "Badakhshon" ба флоти худ илова кард.
Ин ҳавопаймо барои парвозҳои минтақавӣ тарҳрезӣ шудааст ва дорои паймонкорӣ, функсионалӣ ва иҷрои зарурӣ барои парвозҳои кӯтоҳмуддат мебошад.